Гармтарин рӯзҳои тобистон фаро мерасанд

Июль 22, 2016 17:22

Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 24-28 июли соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои гарми  бебориш дар назар дошта шуда, гармии ҳаво то 10 дараҷа боло меравад.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Мувофиқи пешгӯии ҳавошиносон, дар ин рӯзҳо дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳарорати гармтарини ҳаво дар назар аст. Дар ин рӯзҳо  баландтарин ҳарорат дар  минтақаи ҷанубии ҷумҳурӣ  дар назар дошта шудааст, ки то  48 дараҷа хоҳад расид. Мизони поинтарини ҳарорат дар ВМКБ буда, интизор меравад,  34-37 дараҷа гарм шавад.
Дар Душанбе ва Суғд низ ҳавои бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво то ба 43 дараҷа гармӣ хоҳад расид.
Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ,  чунин гармӣ  аз меъёри муқаррарӣ 4-5 дараҷа зиёд ҳисобида мешавад.
Бо назардошти ин ҳавошиносон ба аҳолӣ муроҷиат намуда, таъкид мекунанд, ки дар муддати аз соати 11 то 15, то ҷое имкон ҳаст, дурудароз зери нури офтоб нагарданд, ҳар рӯз 1,5 – 2 литр об нӯшанд, то саломатии худро эмин нигоҳ доранд.

Июль 22, 2016 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид