Холмурод Раҳмон: «Истифодабарандагон ҳаққи хизмати обрасониро саривақт пурра пардохт намекунанд»

Июль 25, 2016 17:56

Душанбе, 25.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Идораҳои давлатии беҳдошти замин  ва обёрии  шаҳру навоҳии кишвар наздик ба 6600  нафар истифодабарандагони об  дар майдони беш аз 540 ҳазор гектар заминҳои обӣ  шартномаи додугирифти обро  ба имзо расониаанд, ки нисбат ба соли  гузашта зиёда аз 6 ҳазор гектар зиёд мебошад.
Холмурод Раҳмон, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин давра тибқи дархости кишоварзони кишвар ба онҳо дар ҳаҷми 1,8 миллиард метри мукааб бо маблағи беш аз 32 миллион сомонӣ хизматрасонӣ карда шудааст.
«Бо вуҷуди он, ки идораҳои давлатии беҳдошти замин  ва обёрӣ  уҳдадориҳои шартномавии худро  дар мавриди обрасонӣ  ба истифодабарандагон пурра иҷро карда бошанд ҳам, аммо истифодабарандагон ҳаққи хизмати  обрасониро саривақт  пурра пардохт намекунанд», — афзуд Холмурод Раҳмон. Мавсуф таъкид кард, ки дар зарфи шаш моҳи соли равон аз ҷониби истифодабарандагони об  асосан хоҷагиҳои кишоварзӣ беш аз 16 миллион сомонӣ ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт карда шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта наздик ба 170 ҳазор сомонӣ камтар мебошад.
Алҳол бақияи қарзи хоҷагиҳои кишоварзӣ  аз ҳисоби ҳаққи  хизмати обрасонӣ  дар назди  ташкилоту  корхонаҳои Агентӣ қариб 60 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки беш аз 12 миллион сомонӣ қарзи  соли гузашта аст.

Июль 25, 2016 17:56

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд