И. Талбаков: «Ҳизби Коммунист хостори ҳамкории судманд бо Ҳукумат ва дигар аҳзоби сиёсӣ аст»

Июль 25, 2016 16:03

Душанбе, 25.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Садорати Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки рӯзи шанбеи гузашта дар қароргоҳи марказии ҳизб баргузор гардид, масъалаҳои ташкилӣ, таъсиси кумитаи ҳизбии вилояти Хатлон, қабули муроҷиати ҲКТ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ барои ҳамкорӣ ба хотири ҳифзи музаффариятҳои даврони истиқлолият, муроҷиати ҲКТ ба дигар ҳизбҳои сиёсии мамлакат оид ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба барои ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре раиси ҲКТ И.Талбаков ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, қаблан дар вилояти Хатлон кумитаҳои минтақавии ҳизб (минтақаҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб) фаъолият мекарданд. Ҷаласаи садорати ҳизб қарор қабул кард, ки минбаъд фаъолияти коммунистони вилояти Хатлон на аз тарафи кумитаҳои минтақавӣ, балки аз тарафи кумитаи вилоятӣ роҳбарӣ карда шавад.
Сабаби қабул гардидани муроҷиатнома ба Ҳукумати мамлакат ва дигар ҳизбҳои сиёсиро И.Талбаков чунин шарҳ дод: «Дар замони авҷ гирифтани мухолифатҳои шадиди геосиёсӣ, рӯирост ва ё пинҳонӣ дахолат кардани абарқудратон ба рафти ҳодисаҳо дар кишварҳои алоҳида, ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистонро зарур аст, ки новобаста аз мавқеи сиёсӣ ва манфиатҳои гурӯҳӣ-ҳизбӣ ҳама саъю кӯшишҳои худро баҳри ҳимояи давлати тоҷикон ва муттаҳид сохтани миллат равона кунанд».
Аз ҷумла Ҳизби коммунисти Тоҷикистон омода аст, ки ҳам бо Ҳукумати мамлакат ва ҳам бо аҳзоби сиёсӣ дар ин самт ҳамкории судманду босамарро роҳандозӣ кунад», — таъкид кард И.Талбаков ва чунин илова намуд: «Ҳадафи мо мусоидат кардан ба таъмини Ваҳдати миллӣ, риояи қонун ва ҳифзи дастовардҳои давлат ва миллат дар давоми соҳибистиқлолӣ аст, на баргардонидани моликияти ҳизби коммунист, чун ҳизби коммунист дар он давра на танҳо созмони сиёсӣ, балки давлат буд ва моликият ҳам на моликияти ҳизби алоҳида, балки моликияти халқу давлат буд».
Дар ҷаласаи ҲКТ ҳамчунин қарор дар бораи таъсис додани Шӯрои ветеранҳои ҳизб қабул гардида, тасмим гирифта шуд, ки нашрияи ҳизбии «Коммунисти Тоҷикистон» минбаъд ба воситаи муассисаи давлатии «Почтаи тоҷик» обуна ва паҳн карда шавад.

Июль 25, 2016 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид