Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Июль 27, 2016 06:55

Душанбе, 27.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2013 оғоз гардида, имрӯз дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт.

Маблағи умумии бунёди бинои Шуъбаи маориф, ки аз 3 ошёна иборат аст, дар маҷмуъ 2 миллиону 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби буҷаи ноҳия 1 миллиону 60 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм 1 миллиону 10 ҳазор сомонӣ сарф карда шудааст.

Илова ба маблағҳои сохтмон барои хариди таҷҳизот, мизу курсӣ, 20 адад компютер ва дигар ҷиҳози зарурии корӣ бошад, 206 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

Дар шуъбаи маорифи ноҳия 22 нафар кор мекунад. Дар 50 мактаби ноҳия 1650 омӯзгор ба тарбияи фарзандон машғул мебошанд.

Фармоишгари сохтмон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчиёни асосӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Далер сохтмон” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Манораи Лоиқ” мебошанд.

Зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар шуъбаи маориф Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати кори сохтмончиён баҳои арзанда дод.

Дар бинои шуъбаи маориф ба ғайр аз 12 утоқи корӣ, китобхона, инчунин дар ошёнаи 3 — юм барои кормандони соҳа ва омӯзгороне, ки аз мактабҳои дурдаст ба маркази ноҳия меоянд, меҳмонхона бо 3 ҳуҷраю 6 ҷойи хоб бо шароити хубу мусоид сохта шудааст.

Бинои наву муосири Шуъбаи маориф туҳфаи арзандаи Сарвари маорифпарвар Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони соҳаи маорифи ноҳия дар арафаи ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Июль 27, 2016 06:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд