Милитсияи ман-ҳимоятгари давлати ман

Июль 23, 2016 11:34

Душанбе, 23.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки журналистони расонаҳои иттилоотии ватанӣ ва хориҷӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти хизматии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ дар давоми шаш моҳи соли равон иттилоъ дода, изҳор намуд, ки кормандони мақомоти милитсия дар давраи ҳисоботӣ сар задани чор амали террористиро ошкор ва пешгирӣ карданд.
Ин ашхос қаблан ба гурӯҳҳои террористии дар Сурия ва Ироқ фаъолиятдошта ҳамроҳ шуда, сипас, бо мақсади содир кардани амали террористӣ  таркишҳо дар Душанбе, ноҳияи Панҷакент ва шаҳри Хуҷанд ба Тоҷикистон баргаштанд. Дар натиҷаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони ВКД сар задани амалҳои террористӣ пешгирӣ гардида, аз ватанфурӯшон китобҳои динии манъшуда, варақаҳои таблиғотӣ, маводҳои тарканда, силоҳ, фиттаҳои таблиғотӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки ҷинояткорони бедину бе диёнат, бе миллату бе мазҳаб бо супориши роҳбарони гурӯҳи террористии ба ном «давлати исломӣ» ҳадаф доштанд, ки дар Тоҷикистон амалҳои террористӣ содир кунанд, хушбахтона онҳо ба ҳадафи нопоки худ нарасиданд.
Аз тарафи мақомоти корҳои дохила дар давоми нимсолаи аввал 1047 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ-эктремистӣ дошта ошкор карда шуда, 368 нафар аъзои гурӯҳи террористӣ-экстремистӣ муайян ва дастгир шудаанд.
Вобаста ба шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳайати гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ дар муноқишаҳои ҷангии Сурия ва Афғонистон иштирок мекунанд, Р. Раҳимзода, вазири корҳои дохилии мамлакат изҳор кард, ки пайвастшавии ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ, аз ҷумла бо ворид кардани таѓйирот дар қонунгузорӣ барои аз ҷавобгарӣ озод намудани шахсоне, ки ихтиёран бармегарданд, зиёда аз 50 нафар аз майдонҳои ҷанги кишварҳои хориҷӣ баргаштанд.
«Бештари онҳое, ки ба гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ ҳамроҳ шуданд, вақте фаҳмиданд, ки дар Сурия ва Ироқ ягон ҷиҳод нест, роҳи рафтан ба биҳишт нест, балки ҷои қатлу куштори оммавии одамони бегуноҳ аст, аз кардаи худ пушаймон гаштанд», — гуфт Р.Раҳимзода ва чунин илова кард: «яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани пайвастшавии тоҷикон ба гурӯҳҳои террористӣ низ ҳамин мебошад».
Ҳамчунин дар натиҷаи ҳамкории судманд бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ қариб ҳар рӯз дар Русия, Украина, Лаҳистон ва Олмон шаҳрвандони дар кофтукоби байналмилалӣ қарордошта боздошт мешаванд. Ҳоло гуфтушунидҳо дар мавриди баргардонидани ин ҷинояткорон ба Тоҷикистон идома доранд.
Мувофиқи маълумоти расмӣ, давоми давраи ҳисоботӣ 342 ҷиноякор дар кофтукови байналмилалии Интерпол эълон шуданд, ки аз ин миқдор 275 нафар барои даст доштан ба ҷиноятҳои терроризм ва экстремизм гумонбар дониста мешаванд.
Дар баробари ҳамин, оид ба иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар амалҳои террористии Туркия ва дигар кишварҳо ягон маълумот расман вуҷуд надорад.
Мавриди зикр аст, ки сол ба сол сатҳи ҷинояткорӣ дар ҳудуди мамлакат кам гашта, ҷиноятҳои содиршуда дар муддати кӯтоҳ кушода мешаванд. Аз ҷумла, дар давоми шаш моҳи аввал 39 ҳодисаи одамкушӣ содир шудааст, ки аз ин шумора танҳо ду ҳодисаи куштор дар Панҷакент нокушода боқӣ мондааст.
Кормандони мақомоти милитсия пеш аз ҳама узви ҳар як оилаи Тоҷикистон мебошанд ва муомилаву муносибати неку созандаи кормандони милитсия бо шаҳрвандон ва шаҳрвандон бо кормандони милитсия мебояд аз рӯи ҳурмату эҳтиром, боварӣ ва эътимод ба ҳамдигарӣ сурат гирад.

Июль 23, 2016 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд