Мулоқоти Пешвои миллат бо иҷрокунандаи вазифаи Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Мариам Шерман

Июль 14, 2016 11:13

Душанбе, 14.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Мариам Шерманро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи ҳайати баланпояи бонки мазкурро ба Тоҷикистон иқдоми муҳим дар таҳкими ҳамкории ҷонибҳо арзёбӣ карда, ба фаъолияти имрӯзаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дод.

Тавре таъкид гардид, ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар соҳаҳои гуногуни рушд, пеш аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, дастгирии буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, доираи бештару фарохтарро фаро мегиранд.

Зимни вохӯрӣ оғози татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи КАСА-1000, ки дар якҷоягӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ мегардад намунаи олии ҳамкории судманди дуҷониба арзёбӣ гардида, изҳори умед карда шуд, ки бо кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ дар оянда татбиқи лоиҳаҳои бахши энергетикӣ, сохтмони иқтидорҳои истеҳсолкунанда ва хатҳои интиқоли барқ, рушди нақлиёт ва инфрасохтори роҳ, аз ҷумла роҳи оҳан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшида мешавад.

Дар мулоқот масъалаҳои тадқиқоти асосноккунии иқтисодию техникии барқарорсозии НБО-и Норак, дарёфт намудани маблағҳои иловагӣ барои Лоиҳаи таҷдиду барқаросозии нерӯгоҳи Норак, лоиҳаҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳо баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба тақвияти ҳамгироии муштарак дар самти кам кардани таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити шиддат гирифтани буҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ ва расонидани кӯмак ба кишвари мо дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ табодули назар карда мулоқоти имрӯзаро барои муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба вазъ ва дурнамои ҳамкории мутақобила муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Июль 14, 2016 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд