Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо губернатори вилояти Нижегороди Федератсияи Русия Валерий Шантсев

Июль 19, 2016 18:20

Душанбе, 19.07.2016 /АМИТ «Ховар»/ Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат губернатори вилояти Нижегороди Федератсияи Русия Валерий Шантсевро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла робитаҳои байни минтақаҳои ду давлат дар соҳаҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Мо ба рушди марҳила ба марҳилаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия изҳори ҳавасмандӣ менамоем, таъкид кард Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки ҳамёрии кишварҳои моро муносибатҳои неки стратегии дуҷониба ва минтақавӣ таҳким мебахшад.
Таъкид гардид, ки Федератсияи Русия дар савдои хориҷии Тоҷикистон мақоми пешсафӣ дошта, ба сегонаи кишварҳои бузурге шомил аст, ки ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва онҳо нисбатан афзун мебошад.
Дар мулоқот доир ба рушди ҳамкорӣ бо вилояти Нижегороди Федератсияи Русия дар соҳаҳои бештар афзалиятдоштаи саноат, кишоварзӣ, илму маориф ва туризм табодули афкори судманд доир гардид. Дар ҳамин замина ҷалби ташкилоту корхонаҳои саноатии вилояти Нижегород барои фаъолият дар Минатақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ташкили содироти бештари меваю сабзавоти хушсифати Тоҷикистон ба шаҳру вилоятҳои Русия ва афзун намудани шумораи бурсияҳои таҳсил барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои олии таълимии Федератсияи Русия аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба арзёбӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба тақвияти муносибатҳо дар самти муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони кории тоҷик табодули афкор намуданд.

Июль 19, 2016 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд