Мусофирони «Ренҷровер» мусофирони «Тайота-Прадо»-ро ғорат намуданд

Июль 22, 2016 15:03

Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки шаби 31 апрел ба 1 майи соли равон, ҳангоми аз шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштанаш аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе шахсони номаълум бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр ба воситаи мошини тамғаи «Ренҷровер» мошини онҳо тамғаи «Тайота-Прадо»-ро  думболагирӣ намуда, дар назди тарабхонаи «Шаҳрисабз», воқеъ дар кӯчаи М.Турсунзодаи шаҳри Душанбе, онҳоро боздошт намуданд. Сипас, бо истифодаи силоҳи сард (корд) таҳдид карда, бо роҳи зӯроварӣ аз онҳо 600 доллари амрикоӣ ва 2 телефони мобилии тамғаи «Айфон-6»-ро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони  содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карданд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Июль 22, 2016 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд