Мутахассисони тоҷик дар Кишвари тулӯи офтоб таҷриба меомӯзанд

Июль 25, 2016 14:12

 Душанбе, 25.07.2016. /АМИТ «Ховар/. «Алҳол 10 нафар мутахассисони Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон таҷрибаи худро дар бахши обёрӣ такмил медиҳанд»,- гуфт дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Холмурод Раҳмон, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавсуф афзуд, ки таҷрибаомӯзии мутахассисони Агентии беҳдошти замин  ва обёрӣ дар доираи ҳамкории дуҷонибаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон аз ҷониби Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон /JICA/ ба роҳ монда шудаст. Мутахассисони тоҷик дар Ҷопон, ки ҳамчун кишвари тулӯи офтоб ном бурда мешавад, тарзҳои гуногуни обёрии замин, хусусан усули обмонии қатравиро дар минтақаҳои  субтропикӣ меомӯзанд. Таҷрибаомӯзии мутахассисони тоҷик дар Ҷопон муддати  беш аз 1 моҳ идома меёбад.
Ҳамзамон Холмурод Раҳмон зикр кард, ки кормандони Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва сохторҳои тобеи он фаъолияти худро дар партави сиёсати созандаю бунёдкоронаи  Асосгузори  сулҳу  Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, ки  барои рушди  минбаъаи кишвар, беҳдошти ваъи зиндагии мардум  равона гардидааст, ба роҳ мондаанд. Инчунин  барои татбиқи  амалии дастуру супоришҳо ва вазифаҳое, ки  аз Паёми Президенти  кишвар ба Парлумон  бармеоянд ва сазовору дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ -25-солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон саъю талош доранд.

Июль 25, 2016 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад