Неъматулло Ҳикматуллозода ва Олег Иванов ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманд омодагии худро изҳор намуданд

Июль 22, 2016 15:35

Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег   Ивановро  ба ҳузур пазируфт.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати  рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Шоқурбонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти суҳбат ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саёҳат ва илму маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманд дар ҳамаи самтҳое, ки ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба миёни Тоҷикистону Беларус мусоидат хоҳанд кард, изҳор намуданд.

Июль 22, 2016 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид