Носир Бозор дар мусоҳиба бо «Ҷавонони Тоҷикистон»: “Аз Дилшод Назаров натиҷа интизорем”

Июль 25, 2016 15:12

Душанбе, 25.07.2016./АМИТ «Ховар»/. Баъди муайян гардидани теъдоди варзишгароне, ки ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейро роҳхат гирифтанд, алоқамандони варзиши кишвар сари он ҳарф мезаданд, ки парчами Тоҷикистонро дар олимпиада кӣ мебардорад? Ниҳоят парчамбардори тоҷик дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио Дилшод Назаров таъин шуд. Ёдовар мешавем, ки дар Олимпиадаи Пекин-2008 низ парчами кишварро Дилшод Назаров бардошта буд. Парчамбардори тими олимпии мамлакат дар Олимпиадаи Лондон-2012 бошад, Мавзуна Чориева буд.

То олимпиада рӯзҳои башумор мондаанд. Дар ин маъракаи муҳими варзишӣ мутахассисони соҳа аз варзишгарони тоҷик натиҷаҳои назаррасро интизоранд. Оид ба тайёрии варзишгарони тоҷик ва дигар паҳлуҳои бозиҳои олимпӣ бо Носир Бозор, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат кардем.

— То олимпиада рӯзҳои башумор мондааст, ҳамчун як мутахасиси соҳа аз Олимпиадаи Рио-2016 чӣ интизоред?

Дилшод Назаров— Орзуи ҳар варзишгар дар олимпиада ҷоизадор шудан аст. Тамоми мутахассисони соҳа умед бар он мебанданд, ки дар ин маъракаи муҳим давлату миллати худро муаррифӣ намоянд. Аммо ба қанд гуфтан даҳон ширин намешавад. Барои ин заҳматҳои шабонарӯзӣ мебояд. Мо низ қатори дигарон олимпиадаро бесаброна интизорем ва он варзишгароне, ки имрӯз роҳхати бозиҳои олимпиро соҳиб гардидаанд, бешубҳа муаррифгари варзиши тоҷик дар ин маъракаи муҳими варзишианд. Обрӯи варзиши тоҷик дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро бар дӯши онҳо вогузошта шудааст. Мо таманно мекунем, ки варзишгарони мо бо сари баланд ба Ватан баргарданду он нияту интизориҳои моро ҷомаи амал пушонанд. Вале як чизро набояд фаромӯш кард, ки дар қатори ҳафт варзишгаре, ки аз Тоҷикистон роҳхат доранду мо онҳоро беҳтарин меҳисобем, ба монанди инҳо дигар давлатҳо 20-30 беҳтаринҳоро ба Рио мефиристанд. Мақсади ҳар яки онҳо ҳам ҷоизадор шудан аст. Ман дар ин олимпиада натиҷаи гурзандоз Дилшод Назаровро бесаброна интизорам, зеро ин варзишгар дар рейтинги ҷаҳонӣ мавқеи дуюмро ишғол мекунад. Шояд Дилшод бо натиҷае ба Ватан бар гардад, ки номаш дар таърихи варзиши тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шавад.

— Аз Лондон то Рио дар варзиши ҷаҳон чӣ тағйирот шуд ва барои роҳхат гирифтани варзишгарони тоҷик чӣ бартарию камбудӣ ба бор овард?

Рио-д-Жанейро Сол то сол талаботи варзишгарон барои иштирок дар олимпиада зиёд гашта истодааст. Ин сабаб мегардад, ки дар соҳаи варзиш, хоса намудҳои олимпӣ қонуну қоидаҳои нав ҷорӣ гардад. Тағйироти асосӣ дар он буд, ки аксар намудҳои варзишро мисли гӯштини ҷудо бо хол натиҷагирӣ мекунанд. Яъне варзишгарон барои роҳхат гирифтан давоми чор сол дар мусобиқаҳо иштирок намуда, хол ҷамъ мекунанд. Таэквандо ВТФ-ро ҳам ба қатори ҳамин намудҳои варзиш ворид намуданд. Барои таэквандочиёни мо имконияти бисёр хуб буд ва онро босамар истифода карда натавонистанд. Аз миёни ин намудҳои варзиш мусобиқаҳои гӯштини тарзи озод ва юнониву румӣ ба таври анъанавӣ мегузарад, ки бисёр мушкил аст. Варзишгарони ин намудҳо танҳо метавонанд барои роҳхат дар мусобиқаҳои пеш аз олимпиадавӣ зинаҳои якум ва дуюмро ишғол намуда, соҳиби роҳхат гарданд. Барои ду ё панҷ ҷой дар мусобиқаҳои пеш аз олимпиадавӣ тамоми варзишгарони сайёра талош мекунанд, ки ин барои варзишгарони мо мушкил аст. Агар ин намудҳоро ҳам ба таври холҷамъкунӣ гузаронанд, варзишгарон метавонанд давоми чор сол холҳои заруриро ба даст оранд ва соҳиби роҳхат гарданд.

— Сухан сари гӯштини тарзи озод рафт, мо дар олимпиадаҳои охир аз ин намуди варзиш роҳхат доштем ва ҳатто дар олимпиадаи Пекин-2008 медали нуқраро вориди хазинаи варзишии кишвар намудем,
кадом омилҳо сабаб шуд, ки дар Рио-2016 натавонистем аз ин намуд роҳхат гирем?

— Деҳқон наметавонад ҳар сол аз замин ҳосили дилхоҳ рӯёнад. Вобаста ба нигоҳубини он, вобаста ба боду ҳаво ва дигар омилҳои табиӣ замин ҳосил медиҳад. Имсол барои тими мунтахаби гӯштини тарзи озод соли бебарор буд. Аз он варзишгароне, ки умед доштем, бо сабабҳои гуногун натавонистанд дар мусобиқаҳои пеш аз олимпиадавӣ ширкат варзанд. Юсуф Абдусаломов карйераи варзишии худро ҷамъбаст намуд, Зелимхон Юсупов баъди мақоми дуюми бозиҳои Осиё бо ҷурми истифодаи допинг ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои пеш аз олимпиадавиро аз даст дод, паҳлавони дигарамон Сомиршоҳ Воҳидов бо сабабҳои гуногун дар маҳкама аст. Варзишгарони дигари мо аз ин намуд то ҳади имкон барои роҳхат мубориза бурданд, аммо натиҷаи назаррас ба даст наоварданд.

— Давоми чор сол, аз соли 2012 то 2016 Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои омодашавии варзишгарон дар олимпиада чӣ корҳоро анҷом дод?

— Дар тамоми ҷаҳон баъди олимпиада нақшаи чорсолаи варзишӣ барои олимпиадаи навбатӣ таъсис дода мешавад ва варзишгарон аз рӯи он тайёрӣ мебинанд. Баъди олимпиадаи Лондон-2012 Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳои миллии варзишӣ дар якҷоягӣ нақшаи чорсолаи баъдиро омода мекарданд. Мутаассифона, ин нақша барои варзишгарони тоҷик баъди ду сол тарҳрезӣ гардид. Ин ҳам бошад бо дастгирӣ ва кӯмаки бевоситаи Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ. Соли 2015 аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои миллӣ ситоде ташкил карда шуд, ки тибқи он маблағҳое, ки барои омода намудани варзишгарони тоҷик ҷудо мешавад, самаранок истифода бурда шавад ва варзишгарон ба мусобиқаҳо сафарбар шаванд. Дар асоси ҳамин ситод пешниҳодҳое, ки аз ҷониби федератсияҳо ва сармураббиён барои иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои пеш аз олимпиадавӣ пешниҳод гардид, аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сад дар сад маблағгузорӣ гардид. Аз ҷониби Кумитаи миллии олимпӣ ҳам аз ҳисоби стипендияҳои варзишгарон дар мусобиқаҳо маблағгузорӣ карда шуд…

— Ба андешаи Шумо, тӯли чор сол мутасаддиёни соҳаи варзиш барои ба олимпиада омода намудани варзишгарони тоҷик кадом корҳоро анҷом дода натавонистанд?

— Бисёр саволи ба маврид. Имрӯз федератсияҳое, ки дар ҷумҳурӣ амал мекунанд, онҳо бо ном ҳастанд. Ягона федератсия, ки имрӯз пурра вазифаҳои ба зиммагузоштаи худро иҷро мекунад Федератсияи футбол мебошад. Аксар федератсияҳо он шартномаеро, ки бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бастаанд, мутаассифона иҷро намекунанд. Варзишгарро дар сатҳи олимпиада омода намудан вазифаи асосии федератсияҳо аст. Федератсияҳое ҳастанд, ки идораи корӣ надоранд, он маблағҳое, ки аз ҷониби ин ё он ташкилот бояд гузаронида шавад нест. Федератсия ки утоқи корӣ надорад, суратҳисоб надорад, пас мо аз он чӣ талаб кунем? Новобаста ба ин мушкилиҳо, соли 2015 барои варзишгарони тоҷик соли хотирмон буд. Барои боз ҳам натиҷаҳои сатҳи ҷаҳонию олимпиро ба даст овардан вақти он расидааст, ки мо баъди олимпиада нақшаи чорсоларо тарҳрезӣ намоем ва варзишгарон давоми чор сол пурра омода шаванд.

— Аз нигоҳи Шумо варзишгарони тоҷик дар кадом риштаи варзиш имкони бештари ҷоизадор шудан дар олимпиадаҳоро доранд, то сари ин намудҳо зиёдтар кор карда шавад?

— Мо намудҳои афзалиятнокро, ки дар оянда варзишгарони ҷавони мо имкони бештари ҷоизадор шуданро доранд, интихоб намудаем. Ба монанди гӯштини ҷудо, гӯштини тарзи озод, варзиши сабук, бокс. Инҳо риштаҳое мебошанд, ки аллакай варзишгарони тоҷикро дар сатҳи ҷаҳон мешиносанд. Бо ҳамин мақсад ба ин намудҳо барои роҳхат пайдо намуданашон ба 15 нафар як миллиону панҷсад сомонӣ ҷудо намудем. Мақсади ситоди ташкилнамудаи мо ҳам аз ҳамин иборат буд, ки диққати бештар ба ин риштаҳо дода шавад ва пешгӯиҳои мо ҳам рост баромад. Бинед, ки аз ин намудҳо варзишгарони мо тавонистанд, ки роҳхат ба даст оранд ва мо дар олимпиада ҳам аз онҳо натиҷа интизорем.

— Шумо иштирокчии якчанд олимпиада будед, чӣ хотироте мондааст дар ёдатон?

— Олимпиадае, ки дар хотири ман нақш бастааст ва ҳар лаҳза ба ёд орам бароям фараҳ мебахшад, Олимпиадаи Пекин-2008 аст. На танҳо барои ман, балки барои мардуми тоҷик фаромӯшнашуданист. Дар ин маъракаи муҳими варзишӣ мо ду медали бозиҳои олимпиро вориди Тоҷикистон намудем. Ҷудокори мо Расул Боқиев медали биринҷӣ ва Юсуф Абдусаломов аз гӯштини тарзи озод медали нуқраро ба гардан овехтанд, ки ин мояи ифтихор буд бароям. Бо ин натиҷа Тоҷикикистон миёни давлатҳои варзишашон пешрафта шинохта шуд. Дар олимпиадаи Лондон-2012 бошад, вақте Мавзуна Чориева, муштзани тоҷик бо либосҳои миллӣ медали биринҷии Бозиҳои олимпиро ба гардан овехт, қатори мо тамоми мардуми Осиё, хусусан форсзабонҳо ашки шодӣ рехтанд. Ин ҳиссиётест, ки дар тӯли таҷрибаи варзишиам ба ман муяссар гардид. Ҳар вақте ки ба ёд меорам, ба худ мегӯям, варзишгари тоҷик тавоност ва ояндаи варзиши кишвар дурахшон аст.

— Баъди ҷамъбасти Рио-2016 барои олимпиадаи навбатӣ чеҳраҳои навро интихоб намудаед, то давоми чор сол бо онҳо кор кунед?

— Аллакай варзишгарон дар якчанд риштаҳо омода ҳастанд. Аз намуди ҷудо Фаррухи Салим, Хуршед Маҷидов, Комроншоҳи Устопириён ва дигарон. Мо тибқи нақшае, ки баъди олимпиада тарҳрезӣ мешавад, кӯшиш мекунем, ки онҳоро давоми чор сол омода намоем. Барои ин моро зарур аст, ки мураббиёни хориҷиро дар мусобиқаҳоямон даъват намоем, мураббиёни худамонро ба хориҷ барои гузаронидани курсҳо равона созем, то тавонанд, ки барои варзишгар чизи даркориро бидиҳанд. Ба ин васила мо ҳам соҳиби мураббии ихтисосманд мешавем ҳам варзишгари касбӣ.

— Ба дӯстдорони варзиши кишвар чӣ гуфтаниҳо доред?

— Дар баробари варзишгарон, ки масъулияти зиёдро дар олимпиада бар зима доранд, мо ҳам шарик ҳастем. Мо низ қатори онҳо ин шубу рӯз заҳмат мекашем, то ки варзиши кишварро дар ин маъракаи муҳими варзишӣ муаррифӣ намоем. Умед дорем, ки варзишгарони бо ору номуси тоҷик хотири мухлисонашонро шод мекунанд.

 

Шодихон Назар,

Рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»,

23 июли соли 2016

 

 

Июль 25, 2016 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Чемпионати 33-юми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ моҳи апрел оғоз мешавад
ШОҲҶОИЗА- ЭЛЕКТРОМОБИЛ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаҳои варзишӣ ҷамъбаст шуданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе дар марҳилаи интихобӣ бо тими Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ФУТБОЛ. Имрӯз бозии дуюми дӯстонаи дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо тими Ветнам баргузор мегардад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ аз тими Арабистони Саудӣ мағлуб шуд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба муқобили дастаи Арабистони Саудӣ бо либосҳои сурх бозӣ менамояд
26 март дар вилояти Суғд мусобиқаҳои миллии пойга ва бузкашӣ доир мешаванд
Гела Шекиладзе: «Моро бо дастаи Арабистони Саудӣ бозии душвор интизор аст»
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ бо тими Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар шаҳри Риёз нахустин тамринҳоро анҷом дод
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Душанбе бо дастаи мунтахаби Ветнам бозӣ менамояд