Ғолибони даври аввали Фестивал-озмуни «Андалеб-2016» ба даври дуввум роҳхат мегиранд

Июль 25, 2016 17:50

Душанбе, 25.07.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Пагоҳ, 26 июл соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои Кумитаи тадорукоти Фестивал-озмуни «Андалеб-2016», намояндагони шабакаҳои телевизион ва 10 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷаласаи корӣ доир мегардад.
Дар ҷаласа ба шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла Панҷакент, Кӯлоб, Вахш, Рӯшон, Роғун, Рӯдакӣ, Ҳисор, Файзобод, Тоҷикобод ва Синои шаҳри Душанбе, ки ғолиби даври авали Яестивал-озмуни «Андалеб-2016» гардидаанд, варақаҳои роҳхат барои иштирок дар даври дуввум супорида мешаванд.
Дар рафти ҷаласа масъалаи омодагӣ ва дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир намудани барномаҳои Фестивал-озмуни «Андалеб-2016» мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» бахшида ба таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 то 23 августи соли 2016 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор мегардад.

Июль 25, 2016 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд