Ҷоми чемпионҳои Аврупо: «Ювентус» бар «Тоттенхэм» ғалаба кард

Июль 28, 2016 14:32

Душанбе, 28.07.2016. /АМИТ«Ховар»/. Қабл аз оғози мавсими ҷадиди футбол барои беҳтар намудани сатҳи омодагиҳои бошгоҳҳои худ роҳбарияти ҳар даста иштироки бозингаронашонро дар сабқатҳои мухталифи байналмилалӣ таъмин мекунанд.
Яке аз чунин сабқатҳои бонуфуз маъракаи муҳташами футбол таҳти унвони Ҷоми чемпионҳо маҳсуб меёбад, ки ҳамасола қабл аз мавсими ҷадид роҳандозӣ мешавад. Дар доираи мусобиқоти мазкур дастаҳои футболи «Ювентус»-и Италия ва «Тоттенхэм»-и Англия бо ҳам қувва озмуданд. Ин вохӯрӣ дар шаҳри Мелбурни Австралия баргузор гардида, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи бошгоҳи футболи Италия ба анҷом расид. Голҳоро аз  тими «Ювентус» Пауло Дибала ва Меҳди Бенатиа ба ҳадаф расонд.
Ягона голи  дастаи «Тоттенхэм»-и Англияро ниммуҳофизатгари аргентинӣ Эрик Ламела ба нишон расонд.  Ин дуюмин бозии «Ювентус» дар доираи рақобатҳои Ҷоми чемпионҳо ба ҳисоб меравад, аммо барои тими  «Тоттенхем» бошад, ин аввалин майдондориаш дар чорабинии мазкур мебошад.

Июль 28, 2016 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид
ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд
Тадбирҳои пешгирӣ аз борону жола дар Тоҷикистон
Арбоби сиёсию давлатӣ Шукурҷон Зуҳуров дар роҳи хизмат ба Ватан ҳамеша устувор аст
ВОРИСИ АРЗАНДАИ СИНО. Табиби ҷавони тоҷик дар Амрико сазовори сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Чинро боронҳои шадид ва тӯфонҳои регӣ фаро мегиранд