Осорхонаи Кӯлоб беш аз 5 ҳазор нигора дорад

Июль 30, 2016 10:45

Кӯлоб, 30.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Давоми фаъолияти Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб аз тарафи раёсат ва кормандони осорхона якчанд шуъбаҳои нав  ташкил ва дар онҳо нигораҳои аз шаҳру ноҳия ва минтақаи Кӯлоб дарёфт гардида,  гирд оварда шуданд, ки дар айни замон беш аз 5 ҳазор ададро ташкил медиҳанд.
Сол ба сол шумораи шаҳрвандоне, ки аз осорхона дидан мекунанд, дар ҳоли афзоиш аст. Сайёҳони хориҷӣ ва меҳмонони шаҳр низ пайваста ба осорхона меоянд, то аз таърихи бою рангини мардуми ин минтақа огаҳӣ пайдо кунанд.
Тавре  Ҳотам Асозода, директори Муассисаи давлатии Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб изҳор намуд: «Тамошои осорхона дар зеҳни ҷавонону наврасон ҳисси миллӣ ва ватандӯстиро бедор мекунад, зеро ҳар як нигора дар худ садҳо фалсафа дораду бинандаи закӣ онро дарк мекунад.
Гӯшаҳои Осорхона бою рангин буда, ба таври муосир ороста шудаанд ва диққати ҳар як бинандаро ба худ ҷалб менамоянд. Дар таътили тобистона шумораи ҷавонону наврасон, ки ба осорхона меоянд, зиёд мешаванд».
Имсол кормандони осорхона гӯшаи зиндаи табиатро бо паррандагон ташкил карданд ва ният доранд, ки то таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як гӯшаи дигарро созмон диҳанд.

Июль 30, 2016 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид