Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ Раиси Кумитаи палатаи болоии парлумони кишвар интихоб гардид

Июль 15, 2016 18:31

Душанбе, 15.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб шуд.
Аъзои палатаи болоии парлумон бо як лаҳзаи хомӯшӣ хотираи собиқ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Қаҳҳор Маҳкамовро пос доштанд.
Дар маҷмӯъ аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ 34 масъалаи вобаста ба таъйиноти кадрӣ, қабули қонунҳои нав ва тағйири номҳои бархе аз минтақаҳои кишварро баррасӣ намуданд. Доир ба ҳамаи масоили баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Аз ҷумла, аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро, ки ба наздикӣ аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар бар ивази Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» (соли 1996 қабулшуда) қабул гардида буд, баррасӣ намуданд. Узви палатаи болоии парлумон Қаноатшо Лоиқзода моҳияти қонуни мазкурро шарҳ дода, зикр намуд, ки бар хилофи қонуни қаблӣ дар қонуни нав истилоҳи «шахси ҳуқуқӣ» ворид карда шуд ва он ба ширкатҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликияташон имкон медиҳад, ки муроҷиат, арз ва дархостҳоро ба тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ қабул намоянд.
Илова бар ин, муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти кишвар тавассути ВАО, почтаи электронӣ ва телефон бори нахуст мақоми расмӣ гирифт, яъне минбаъд мақомоти қудратӣ ӯҳдадор мегарданд, ки дар муҳлати қонун муайянкарда ба онҳо ҷавоб гардонанд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 9 июни соли равон зимни баррасии лоиҳаи Қонуни мазкур Раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки «рӯз то рӯз арз, шикоят ва муроҷиати шаҳрвандон ба мақомот тамоюли афзоиш доранд». Бино ба гуфтаи ӯ, қабули қонуни мазкур, «агар ҳамаи талаботи он бечуну чаро риоя ва иҷро карда шаванд», ба зиёд шудани боварии мардум ба мақомоти қудратӣ мусоидат менамояд.
«Мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура, суд, инчунин раисони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вакилони кишвар объекти асосии муроҷиат ва шикояти шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд», — изҳор дошта буд Ш. Зуҳуров.
Тибқи меъёрҳои Кодекси ҷиноятии ҶТ, барои вайрон кардани Қонун «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» – ғайриқонунӣ рад кардани баррасии муроҷиати шаҳрвандон, бе сабабҳои узрнок вайрон кардани муҳлати баррасии муроҷиат, қабули қарори беасос ва бар хилофи қонун, инчунин вайрон кардани Қонун «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон», ки боиси зарари ҷиддӣ ба ҳуқуқ ё қонуни ҳифзи манфиати шаҳрвандон, ҷамъият ва давлат мегарданд, шахсони мансабдор дар ҳаҷми аз панҷсад то ҳаштсад нишондод барои ҳисоб (аз 20 то 32 ҳазор сомонӣ) ҷарима карда мешаванд, ё бо корҳои ислоҳӣ то ду сол ва ё бо ҳабс кардан ба муҳлати то шаш моҳ бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол муҷозот мешаванд.
Тибқи меъёрҳои Кодекси ҷиноятии ҶТ, таъқиби шаҳрванд аз ҷониби шахсони мансабдор дар робита ба муроҷиати ӯ ба мақомоти давлатӣ, корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё барои танқиди дар муроҷиатбуда, инчунин баромади танқиди дар шакли дигар дар ҳаҷми аз ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондод барои ҳисоб (аз 60 то 80 ҳазор сомонӣ), ё ҳабс ба муҳлати то панҷ сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол муҷозот мешаванд.

Июль 15, 2016 18:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид
ФАЗОИ ДИНӢ ВА ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ МУОСИР. Ҳамовозӣ ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ– ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Ҳамовозӣ ба Соли маърифати экологӣ эълон шудани соли 2024 дар шаҳри Душанбе