С. Қодирзода, сардори Хадамоти зидиинҳисорӣ: «Ба Тоҷикистон шакар асосан аз Ҳиндустон ва Покистон ворид мешавад

Июль 29, 2016 12:00

Душанбе, 29.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 56 %-и воридоти шакар ба  Тоҷикистон ба Покистон рост меояд. Дар раддабандии воридоти шакар ба Тоҷикистон кишвари дигари осиёӣ Ҳиндустон бо 20 % зинаи дуюм ва Озарбойҷон бо зиёда аз 14 %  воридоти шакар дар мақоми сеюм қарор доранд. Инчунин беш аз 9 %-и воридоти шакар ба Тоҷикистон  ба дигар давлатҳо марбут аст.
Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зидиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин давра беш аз 40 субъекти хоҷагидор дар бозори воридоти шакар ширкат доштанд.
Ҳиссаи ширкатҳои «Шаҳром компания» дар воридоти шакар ба ҷумҳурӣ  56 %,   «Созандаи ватан» беш аз 7 %, «Азиз 555» 6 %-ро ташкил дода, 7 %-и шакари воридотӣ ба соҳибкори инфиродӣ  Абдулносир  Абдулзоҳир ва беш аз 22 % ба 37 субъекти  дигари хоҷагидор  рост меояд.
Бояд зикр намуд, ки  дар ин давра   нархи миёнаи фурӯши 1 кг  шакар дар бозорҳои кишвар 6, 40  то 7 сомониро ташкил дод.

Июль 29, 2016 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд
Бо супориши Президенти Тоҷикистон ба аҳолии аз боронҳои сел зарардидаи мамлакат кумак расонида шуд
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ тавассути технологияи иттилоотӣ аҳамияти хосса пайдо намудааст
Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ таҳким меёбад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Бо волидайни хонандагони Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор мулоқоти судманд доир шуд