Шарҳи фишурдаи матбуоти ин ҳафта

Июль 28, 2016 17:48

Душанбе, 28.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии мамлакат “Ҷумҳурият” дар шумораи навбатӣ (26.07.2016 №143) аз ҷараёни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26-уми июли соли равон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд, гузориши муфассал нашр кардааст. Дар ҷаласаи мазкур таъкид гардид, ки “Дар нимсолаи аввали соли 2016, бо вуҷуди таъсири омилҳои берунӣ, бахусус коҳишёбии суръати рушди иқтисодиёти шарикони асосии тиҷоратӣ, ноустувории вазъи савдои хориҷӣ ва фаъол набудани истеъмолкунандагон бинобар коҳишёбии ҳаҷми маблағҳои интиқолӣ, тамоюли мусбати рушд дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ нигоҳ дошта шуд. Дар ин давра устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла рушди иқтисодии кишвар 6,6 фоиз ва таваррум дар сатҳи хеле паст, яъне 3,1 фоиз таъмин гашт. Рушди воқеиии иқтисодиёт асосан аз ҳисоби афзоиш ёфтани соҳаи саноат 12,1 фоиз, кишоварзӣ 9,9 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 18,9 фоиз ва гардии савдои чакана 3,4 фоиз таъмин гардид”.

Шумораи навбатии “Ҷумҳурият” (27.07.2016 №144-145) дар 8 саҳифа чоп шуда, сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ инъикос кардааст. Пешвои миллат зимни сафари корӣ дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани хати нави оби нӯшокӣ дар маркази ноҳияи Ҳамадонӣ, ифтитоҳи биноҳои нави шуъбаи маориф ва нозироти андоз, ба истифода додани мактаб барои 624 хонанда иштирок карда, бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ ва дастовардҳои меҳнаткашон шинос гардид ва бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот баргузор кард. Ҳамчунин Президенти мамлакат аз қисми низомии қушунҳои сарҳадӣ боздид ба амал оварда, “бевосита бо шароиту сифати будубоши афсарон ва фаъолияти хобгоҳу ҳуҷраҳои корӣ шиносоӣ пайдо намуда, бо изҳори хушнудӣ барои боз ҳам беҳтару хубтар муҳайё намудани шароити хизматӣ тавсияҳои муфид дод”. Дар шумораи мазкури нашрияи “Ҷумҳурият” ҳамчунин мақолаи “Диёри ҳамболи истиқлол”, хабар дар бораи вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷӣ М.Ҳусейнзода бо Паоло Маттей, матни  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” пешкаши хонандагон шудааст.

 Нашрияи парлумонии “Садои мардум” (25.07.2016 № 94)  дар бораи аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидани як қатор қонунҳо, ки “ба таъмини пойдории сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими минбаъдаи ҳокимияти давлатӣ, рушди муносибатҳои байналмилалӣ, фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар равона шудаанд” хабар нашр карда, қарор ва тавсияҳои ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ оид ба рафти иҷроиши буҷети давлатӣ вобаста ба “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ барои солҳои 2008-2015”-ро пешкаши хонандагон кардааст. Мақолаи “Туркия, Эрдуғон ва подои амалҳо” воқеаҳои солҳои охир дар кишвари Туркия суратирифтаро мавриди таҳлил қарор додааст.

Дар шумораи имрӯзаи нашрияи “Садои мардум” (28.07.2016 № 95-96), ки дар 8 саҳифа чоп шудааст, матни Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намяондагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва матни қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба нашр расонидааст.

Июль 28, 2016 17:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд