Шукронаи 5-сола чемпиони Тоҷикистон оид ба шашка гардид

Июль 28, 2016 14:31

Душанбе, 28.07.2016. /АМИТ«Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шашка  доир гардид.
Мусобиқа, ки беш аз 130 варзишгарро дар шаҳри Душанбе ба ҳам оварда буд, анҷом ёфт. Пас аз чанд рӯзи рақобат беҳтарин бозингарон муайян гардида, бо медалу ифтихорномаи мусобиқа сарфароз гардонида шуданд.
Шукрона Саидоваи 5-сола хурдарин варзишгаре буд, ки унвони чемпиони Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ба даст овард. Ба гуфти волидайни ӯ, Шукрона дар натиҷаи худомузӣ бозии шашкаро аз худ кардааст. Дар охирин рӯзи мусобиқа беҳтарин варзишгарон миёни писарон ва духтарон барои касби ҷойҳои ифтихорӣ байни ҳам рақобат намуданд. Дар мусобиқа иштироки духтарон чашмрас буд ва онҳо хостори ҳарчи бештар баргузор шудани ин гуна мусобиқот буданд.  Баргузории чунин мусобиқаҳо барои рушди зеҳнии наврасону ҷавонони тоҷик мусоидат хоҳад кард.

Июль 28, 2016 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад