Суғд: дуздон 2550 метр ноқилҳои навъи «АС-400 мм»-ро рабуданд

Июль 28, 2016 13:51

Душанбе, 28.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони милитсия марди 52-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда шаби 15 ба 16 феврали соли 2016 бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии зани 52-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоӣ ҷамъ ба маблағи 7 ҳазор доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ба ШВКД дар ноҳияи Б. Ғафуров роҳбарияти «Шабакаҳои барқии Суғд»-и ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат намудааст, ки шаби 22 ба 24 июли соли равон шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди минтақаи ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Б. Ғафуров,  ба миқдори 2550 метр ноқилҳои  навъи «АС-400 мм», ҷамъ ба маблағи 17 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду марди 25 ва 37-солаи сокинони ноҳияи Б.Ғафуровро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд.

Июль 28, 2016 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд