5 000 нафар ба истиқболи Дилшод Назаров мебароянд

Август 26, 2016 09:59

  Душанбе, 26.08.2016 /АМИТ «Ховар»/.  5 000 нафар   дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шоми 26 август ба истиқболи  Дилшод Назаров, ғолиби Бозиҳои  ХХХI -тобистонаи олимпии Рио- де Жанейро -2016 мебароянд.
Ҳамзамон дар «Амфитеатри  пойтахт»  бо ҳузури 2000 нафар ба ифтихори  соҳиби  медали тиллои Бозиҳои ХХХI-и тобистонаи  олимпӣ гардидани Дилшод Назаров барномаи  идонаи фарҳангӣ  доир мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки шоми 19 август гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров  бо нишондоди 78,68 м. соҳиби  медали тиллои  мусобиқаи гурзандозии Бозиҳои ХХХI и тобистонаи олимпӣ-2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид, ки ин дастоварди гурзандози Тоҷикистон ифтихори миллати тоҷик ва кулли тоҷикистониён аст.

Август 26, 2016 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид