Аз 1 сентябр таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо усули нав ба роҳ монда мешавад

Август 31, 2016 16:14

Душанбе, 31.08.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Шурӯъ аз 1 сентябри соли равон бо мақсади таъмини инкишофи ҳаматарафаи хонандагон бо назардошти имкониятҳои синнӣ ва инфиродӣ, қобилият ва талабот, ташаккули меъёрҳои ахлоқӣ ва ба даст овардани таҷрибаи иҷтимоии онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумии  кишвар таълим аз рӯи  Низомномаи намунавӣ роҳандозӣ мешавад.

Тавре ки муовини вазири маориф ва илми кишвар Латофат Назирӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, тибқи низомномаи намунавӣ  шумораи хонандагон дар синф 25 нафар муайян карда шуда, барои синфҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар деҳот вобаста ба эҳтиёҷоти аҳолӣ, барои кўдакони имконияташон маҳдуд, аз ҷумла ташкили синфҳои ислоҳӣ (коррексионӣ) ворид гардид.

Усулҳои нав вобаста ба мактаби миллӣ роҳандозӣ мешаванд

Шарифмуроди Исрофилиён, директори Пажӯҳшгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон  иброз дошт, ки дар таҳсилоти салоҳиятнок шеваи таълим андаке дигар мешавад.

«Дар таҳсилоти босалоҳият хонанда мақоми аввалро мегирад. Дар чунин таълим хонанда фаъолияти бештар дошта,  муаллим чун раҳнамо ва мушкилкушо фаъол аст. Бештари расонаҳои хабарии ғайриҳукуматӣ навиштаанд, ки Тоҷикистон аз маорифи даврони шӯравӣ комилан даст кашиданӣ аст,  вале ин иштибоҳ мебошад. Ҳеҷ вақт мо аз суннатҳои хуби даврони шӯравӣ даст кашиданӣ нестем. Вобаста ба равандҳои илми педогогика ва муосир ҳамаи усулҳоро аввал  меомӯзем ва вобаста ба мактаби миллиамон ба роҳ мемонем»,- илова намуд мусоҳиб.

Бино ба гуфтаи Шарифмуроди Исрофилиён, ҳар усуле, ки  дар ғарб ҷорӣ мешавад,  якбора дар мактабҳои кишвар  ҷорӣ намешавад. «Маорифи даврони шӯравӣ  таҳсилоти хеле тараққикарда буд ва суннатҳои хеле хуб ҳам дошт. Мо то ба имрӯз онро нигоҳ доштем. Мо ҳар таълимро пеш аз ҷорӣ кардан аввал аз озмоиш мегузаронем ва баъдан вобаста ба мактаби миллиамон роҳандозӣ мекунем. Таълимоти босалоҳият низ дар ғарб хеле шуҳрат дорад»,- илова намуд Шарифмуроди Исрофилиён .

Ба  «хонад»-у «донад»   «тавонад» ҳам илова шуд

Усули босалоҳият  пеш аз ҷорӣ шудан дар 55 мактаб озмуда шуд ва натиҷаи хуб ба даст омад. Тариқи усули нав  хонанда дар вақти дарс бештар  масъулият ҳис мекунад.  Солҳои пеш ҳангоми дарс омӯзгор танҳо ба  ду ҷиҳат диққат медод, яъне хонанда бояд  «хонад»-у «донад».  Дар таҳсилоти босалоҳият «тавонад» ҳам илова шуд.  Яъне, хонанда бояд  дониши  гирифтаашро  дар амал тадбиқ карда тавонад.

Бино ба гуфтаи Шарифмуроди Исрофилиён, вобаста ба ин,  низоми  таълим дар синфҳои ибтидоӣ   дигар шуд. «Пештар хонанда дар синф 45 дақиқа дар ҷояш рост нишаста,  ба назди тахтаи синф танҳо бо иҷозати омӯзгор  мебаромад. Тавассути  усули босалоҳият бачаҳо озодтар буда,  муаллим метавонад бачаҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо кунад, вобаста ба масъалаи матраҳмешуда изҳори назари ҳамаро пурсон шавад,  бозиҳои шавқовар гузаронад, умуман  коре бояд кунад, то тафаккури хонанда инкишоф ёбаду муаллим ҳамчун раҳнамо бошад. Ин усул натиҷаи хуб хоҳад дод»,-иброз дошт мусоҳиб.

Китобҳои  нави ба низоми  босалоҳият ҷавобгӯй  таҳия шудаанд

Китобҳои қаблӣ, ки ба ин усули  таҳсил ҷавобгӯй нестанд, дигар истифода бурда намешаванд. Мутахассисони соҳаи маориф дар якҷоягӣ бо олимону коршиносон  сари ин мавзӯъ кор карда,  китобҳои нави ба усули босалоҳият ҷавобгӯйро таҳия намуданд.

«Ҳарчанд мо  имкони аз нав чоп кардани тамоми китобҳоро надоштем, вале ба ҳамаи китобҳо замима чоп намудем»,-илова намуд директори Пажӯҳшгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.

То оғози соли хониш омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ аз курсҳои махсус гузаштанд.   Ҳамчунин Пажӯҳишгоҳи рушди маориф дар оянда ба тариқи усули нав  омӯзонидани  хонандагони синфҳои 5-6-ро ба роҳ монданӣ аст. Барои ин   ду фан:  математика ва забони тоҷикӣ интихоб шудааст. Дар айни замон таҳсилоти босалоҳият барои синфҳои 5-6 дар 24 мактаби кишвар  ба  роҳ монда мешавад. Агар ин усул  натиҷаи хуб диҳад, дар оянда ин намуна дар дигар мактабҳо низ ҷорӣ мешавад.

«Марказ -муаллим» аз байн рафта, «хонанда — меҳвар» пеш омад

Муаллимаи синфи ибтидоии мактаби умумии рақами  91 Зӯҳро Бахтибекова  солҳост, ки аз тариқи ин усул ба хонандагонаш таълим медиҳад.

«Ин усул усули нав набуда, ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта, ман тариқи ин усул таълим медодам. Ин усулро олими эстонӣ ба роҳ монда, он ҳамчун «Методи Липетский»  машҳур аст. Пештар муаллим марказ буд, яъне муаллим дониш медоду аз  хонанда дониши додаашро  талаб   мекард. Акнун дарсҳо ба таври  саволгузорӣ ба роҳ монда мешаванду ҳамаи хонандагон ба дарс ҷалб карда мешаванд.  Яъне «марказ- муаллим» аз байн рафта, «хонанда- меҳвар» пеш омад. Мо акнун бештар ба хонанда такя мекунем. Дарсҳо аз ин пас  бе суханони «рост шин», «гап назан», «безеб навиштӣ», «нодуруст гуфтӣ» мегузаранд. Хонанда дар дарс озод мешинаду мехезад,  озодона фикрашро баён мекунад. Муаллим ҳатто хонандаеро, ки нодуруст ҷавоб медиҳад, ислоҳ намекунад. Дар чунин мавридҳо фикри дигар хонандагонро пурсон шуда,  талабаҳо аз тариқи саволу ҷавоб мефаҳмонанд,  ки фикри кадоме дуруст асту аз кӣ ғалат. Яъне,  ба таври пардапӯш, дили кӯдакро озурда накарда, хатоияшро ба ӯ мефаҳмонанд. Муаллим  ҳақ надорад ба иззати нафси кӯдак расад. Тариқи усули нав кӯдакон дар синф озод мешинанд. Омӯзгор  фақат бояд ба  вай фаҳмонад, ки каҷ шиштан ба сутунмӯҳра зарар дорад ва бояд бо насиҳат кӯдакро  тарбия кунад»,-илова намуд З. Бахтибекова..

Хотиррасон мекунем, ки бо мақсади амалӣ намудани қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба татбиқи Низоми таълими салоҳиятнок дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва озмоиши стандартҳои фаннии математика ва забони тоҷикии синфҳои 5-6» 11-уми августи соли равон фармоиши вазири маориф ва илм ба тасвиб расидааст, ки тибқи банди 1-и он муҳлати ҷорӣ намудани низоми таълими салоҳиятнокӣ дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ (синфҳои 1-4) аз 1 сентябри соли 2016 муайян карда шудааст.

Дар  соли аввали татбиқ ба омўзгорони синфҳои ибтидоӣ кумаки методӣ расонида шуд.

Бино ба иттилои котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми кишвар Эҳсони Хушбахт,  давоми се моҳи таътил тамоми омўзгорони синфҳои ибтидоӣ аз курсҳои омўзишӣ ва такмили ихтисос гузашта, бо маводи зарурии таълимӣ таъмин карда шуданд.

 

Лайло Қосимова

 

Август 31, 2016 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид
ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд
Тадбирҳои пешгирӣ аз борону жола дар Тоҷикистон
Арбоби сиёсию давлатӣ Шукурҷон Зуҳуров дар роҳи хизмат ба Ватан ҳамеша устувор аст
ВОРИСИ АРЗАНДАИ СИНО. Табиби ҷавони тоҷик дар Амрико сазовори сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Чинро боронҳои шадид ва тӯфонҳои регӣ фаро мегиранд