Барои кормандони иҷтимоӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ барномаи таълимии «Кори иҷтимоӣ бо гирифторони ВНМО» муаррифӣ гардид

Август 26, 2016 15:09

Душанбе, 26.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо дастгирии Лоиҳаи муштараки СММ оид ба адвокатсияи масъалаҳои ВНМО/БПНМ-и Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кори иҷтимоии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои бадастомада дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии иҷтимоӣ ва сифати таълим дар соҳаи кори иҷтимоӣ дар доираи ВНМО» суҳбати судманд баргузор гардид.
Мақсади суҳбати «мизи мудаввар»- ин муаррифӣ намудани барномаи таълимии «Кори иҷтимоӣ бо гирифторони ВНМО» буда, он аз тарафи донишҷӯён ва устодони шуъбаи «Кори иҷтимоӣ» ва «Хизматрасониҳои иҷтимоӣ» ҳангоми корҳои амалӣ истифода бурда мешавад.
Ҳамчунин барномаи омӯзишии мазкур барои кормандони иҷтимоӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияти онҳо ба таъмини хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба гирифторони ВНМО/БПНМ равона шудааст, пешбинӣ гардидааст.

Август 26, 2016 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт