Бори аввал дар таърихи Роҳи оҳани Тоҷикистон: Ҳаракати қатораҳо аз тариқи хатсайрҳои нави Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб ва Душанбе-Қурғонтеппа-Хушодӣ ба роҳ монда мешавад!

Август 19, 2016 15:48

Душанбе, 19.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Роҳи оҳани Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи аҳолии ҷумҳурӣ мерасонад, ки бори аввал дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қитъаи роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб пайваст гардида, ҳаракати қатораҳои мусофирбари хатсайрҳои нави Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб ва Душанбе-Қурғонтеппа-Хушодӣ ба роҳ монда мешавад.
Қатораҳо  аз Душанбе рӯзҳои якшанбе ва панҷшанбе соати 8-00, аз Кӯлоб рӯзҳои душанбе ва ҷумъа соати 8-00 ва аз Хушодӣ рӯзҳои душанбе ва ҷумъа соати 8-50 ҳаракат хоҳанд кард.
Дар роҳкирои қатораҳои мазкур 50% тахфиф пешниҳод карда шуда, инчунин ба мусофирон барои ройгон кашонидани то 40 кг бори дастӣ иҷозат дода мешавад.
Ҳамзамон ба таваҷҷуҳи роҳбарони корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ ва соҳибкорону тоҷирон расонида мешавад, ки дар ин масир қатораҳои боркаши роҳи оҳани Тоҷикистон барои бо нархҳои нисбатан арзон кашонидани маҳсулоти мавриди ниёзи аҳолӣ омода мебошанд.

Август 19, 2016 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид
ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад