Дар Ёвон оилаи Муҳаммадшариф Шарипов беҳтарин оила дониста шуд

Август 1, 2016 15:50

Ёвон, 01.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Даври дуюми Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаю оилаи намунавӣ дар ноҳияи Ёвон ҷамъбаст гардид, ки дар натиҷа оилаи Маҳаммадшариф Шарипов истиқоматкунандаи маркази ҷамоати шаҳраки Ёвон беҳтарин оила дониста шуд.
Муҳаммадшариф Шарипов оиладор, соҳиби 4 фарзанди оиладор ва 5 набера мебошад. Ҳамаи фарзандонаш соҳиби маълумоти олӣ буда, дар касбу корҳои гуногун фаъолият мекунанд. Муҳаммадшариф Шарипов табиби ҷарроҳ буда, муддати 32 сол дар вазифаҳои гуногуни соҳаи тиб фаъолият карда, дар айни замон дар вазифаи мудири шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон машғули кор аст.
Муҳаммадшариф Шарипов хурсанд аз он аст, ки се писараш касби падарро интихоб намуда, дар айни замон дар соҳаи тандурустии ноҳия кор мекунанд. Барои хизматҳои софдилона ва рушди соҳаи тиб соли 2005 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали Шафқат қадрдонӣ шуд. Соли 2015 дар озмуни «Духтури сол» дар ноҳияи Ёвон иштирок намуда, сазовори ҷои аввал гардидааст.
Ӯ дар муддати фаъолияти табибиаш ба иштирокчиёни садамаи Чернобел ва ҷанги Афғонистон хизматрасонии ройгон расонидааст, ки аз тарафи ташкилоти ҷумҳуриявии Иттиҳоди ветеранҳои амалиётҳои ҳарбӣ бо медал ва ифтихорнома сазовор дониста шуд.
Муслима Шарипова ҳамсари Муҳаммадшариф Шарипов роҳбари хоҷагии деҳқонии «Беҳрӯз» мебошад, ки ба ғаллакорӣ ва чорводорӣ машғул аст. Дар хоҷагии мазкур бо келинҳояш фаъолияти босамар намуда , 6 нафар аъзои оилаашро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст. Муслима Шарипова иброз медорад, ки муддати 30 сол аст зиндагии якҷоя доранд ва хушбахтии зиндагиро дар меҳру садоқат, бахшидани гуноҳҳои якдигар, якдигарфаҳмии байни зану шавҳар, тавлиди фарзандони солим, ҳурмату иззати байни аъзои хонавода, тинҷию оромии кишвар ва меҳнати софдилона медонад. Дар баробари корҳои хоҷагӣ духтарон ва келинҳояш аз уҳдаи пазандагию дӯзандагӣ ба хубӣ мебароянд.
Муҳаммадшариф Шарипов изҳор дошт, ки муваффақияти ҳар як оила дар тарбияи дурусти фарзандон, маълумотнокии онҳо, иҷрои корҳои хайру савоб, худшиносию ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва ободонию тозакорӣ таҷассум мегардад, ки фарзандонамро дар ин рӯҳия тарбия намуда, бо шукргузорӣ аз ғамхориву дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии оромона дорем.
Шабнами Самандар, муовини раиси ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон иброз медорад, ки ҷамоати мазкур дорои 19 маҳалла мебошад. Дар давраи аввали «Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, ҷамоат, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ» оилаҳои 19 маҳалла пурра иштирок намуданд. Мутобиқи шартҳои ин мусобиқа оилаи Муҳаммадшариф Шарипов сазовори ҷои аввал дониста шуд ва ба даври ноҳиявӣ пешниҳод гардид.
Дар Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, ҷамоат, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ ғолиб омадани оилаи Муҳаммадшариф Шарипов дар меҳнати софдилонаи онҳо, маърифатнокӣ, маданияти баланди оиладорӣ, дастгирии оилаҳои ниёзманд ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ва чорабиниҳои сиёсӣ мебошад.

Август 1, 2016 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт