Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо Сурия омодагӣ мебинад

Август 24, 2016 16:50

Душанбе, 24.08.2016./АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол омодагиро ҷиҳати анҷом додани бозии рафиқонаи байналмилалӣ бо  тими мунтахаби Сурия дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд оғоз намуд. Ин дидор дар варзишгоҳи муҳташами «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.
Ҳоло 23 бозингари дастаи мунтахаби миллӣ, аз ҷумла 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дар Гулистон қарор доранд. Дар ҳайати асосӣ, ки дар оғози ҳафтаи қаблӣ эълон шуда буд, тағйирот ворид шудааст.
Ба ҷои дарвозабони Регар- ТадАз Алишер Додов, ҳамтои ӯ аз дастаи «Барқчӣ»-и Душанбе ва узви дастаи  мунтахаби ҷавонони кишвар Беҳрӯз Хайриев ба майдон мебарояд. Дар баробари Беҳрӯз ба дастаи мунтахаби миллии кишвар ҳимоятгари тими «Барқчӣ» Зоир Ҷурабоев ва Фирӯз Караев низ даъват шудаанд.
Мутобиқ ба маълумоти нашршуда дар сомонаи ФФТ тими мунтахаби миллии Сурия рӯзи 25-уми август ба Тоҷикистон хоҳад омад.
Ёдрас мешавем, ки баргузории бозии дӯстонаи байналмилалӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Сурия  27 августи соли равон дар  шаҳри Хуҷанд дар назар аст.

Август 24, 2016 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд