Дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Туркманистон дар Душанбе матраҳ шуданд

Август 24, 2016 17:24

Душанбе, 24.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Тарҳҳои бузурги иқтисодие, ки дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Туркманистон дар ояндаи наздик амалӣ карда мешаванд, на танҳо барои рушди иқтисодиёти ду кишвар, балки пешрафти кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нақши муассир мегузоранд»,-  гуфт Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории конфронси илмию амалӣ, ки таҳти унвони «Ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Туркманистон: бетараф,  таърих, дастовардҳо ва дурнамои рушд» имрӯз дар Душанбе доир гардид.
Конфронси мазкур бо ибтикори Сафорати  Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъияти туркманҳои Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафаш баррасии паҳлуҳои гуногуни дастовардҳои иқтисодии дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бадастовардаи  ин кишвар мебошад.
Дар конфронс ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори  Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чорӣ Атаев доир ба Истиқлолияти Туркманистон, таърих ва дастовардҳои он маърӯза карда, зикр сохт, ки дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ Туркманистон ҳамчун кишвари мустақил ба дастовардҳои бузурги иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ноил гардида, ҳамкориашро бо кишварҳои гуногуни минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшид.  Дипломати туркман зикр сохт, ки муносиботи Тоҷикистону Туркманистон бо саъю талоши сарони ҳар ду кишвар- Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов беш аз пеш дар соҳаҳои мухталиф таҳким меёбанд. Татбиқи як қатор тарҳҳои бузурги иқтисодии минтақавӣ, тавсеаи ҳамкории илмию фарҳангӣ шаҳодати ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар мебошанд.
Ба андешаи Давлат Кулаков, раиси ҷамияти туркманҳои Тоҷикистон,  алҳол дар Тоҷикистон ҳудуди 25 ҳазор туркманҳо зиндагӣ ва фаъолият намуда, дар пешрафту ободонии  Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми муносиб мегузоранд. Мавсуф афзуд, ки туркманҳои Тоҷикистон, асосан дар ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон ба мисли Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритӯс, Ҷалолидини Балхӣ, Рӯдакӣ  ва шаҳри Хуҷанд  сокин буда, бо тоҷикон, ки онҳоро аз қадимулайём решаҳои  дӯстӣ ва фарҳангӣ бо ҳам мепайванданд,   дӯстона кору зиндагӣ доранд.
Иштирокдорони конфронс ҳамзамон доир ба ҳамкории иқтисодию фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистону Туркманистон, инчунин дастовардҳои  иқтисодии  Туркманистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ибрози назар намуданд.

Август 24, 2016 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад