Дилшод Назаров: «Дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат аст, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд»

Август 26, 2016 20:07

Душанбе, 26.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Медали ман-медали 8 миллион тоҷикистонист ва дар пушти ғалабаи ман 8 миллион мардуми тоҷик меистад», — ин нуктаро имрӯз пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурзандози маъруфи кишвар, дорандаи медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2016 Дилшод Назаров ба хабарнигорон изҳор дошт.

Дилшод Назаров афзуд: «Маҳз талошҳову ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки соҳаи варзиш дар Тоҷикистон рушд кунад. Дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ иштирок карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Ғалабаи ман дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ бо шарофати Ваҳдату истиқлол ба даст омад».

Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров дар мусобиқаи гурзандозии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78,68 метр партофта, сазовори медали тилло гардид. Ӯ бо ин қаҳрамонии худ дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистонро баланд бардошта, нуфузи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бурд.

Август 26, 2016 20:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд