Эмомалӣ Раҳмон: «Барои фаъолият дар корхонаҳои саноатӣ мутахассисони соҳибкасб заруранд»

Август 31, 2016 11:51

Душанбе, 31.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳангоми гузоштани санги асоси коргоҳ супориш шуда буд, ки дар баробари босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ, инчунин барои омода намудани кадрҳо низ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд». Ин нуктаро имрӯз зимни ифтитоҳи Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии «Ҷунтай-Данғара Син-Силу текстил» дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд.
Дар доираи супориши мазкур айни замон 600 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ ба кор қабул гардида, 38 нафари онҳо курсҳои махсуси омӯзиши касби ресандагӣ ва кор бо технологияро дар Ҷумҳурии Мардумии Чин хатм карда, ҳоло омодаи фаъолият мебошанд.
Пешвои миллат зикр намуданд, зарур аст ҷараёни тайёр кардани кадрҳо минбаъд низ идома ёфта, ҳамзамон бо ин, дар корхонаҳои нави истеҳсолӣ таҷрибаомӯзии донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мамлакат ба роҳ монда шавад.
«Айни ҳол дар қонунгузории мамлакат бо мақсади рушди соҳаи саноати сабук, таъсиси корхонаву коргоҳҳо ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ, инчунин бо мақсади дастгирии молистеҳсолкунандагон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст»,-илова намуданд Сарвари мамлакат.

Август 31, 2016 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад