Фестивал-озмуни «Андалеб-2016»: ҳунармандони ноҳияи Вахш 97,6 хол ба даст оварданд

Август 16, 2016 10:29

Душанбе, 16.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар  даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016»  ҳаваскорони  ноҳияи Вахш намунаи ҳунарҳои мардумиро намоиш дода, бо  барномаи консертӣ  хотири ҳаводорони мусиқиро  шод гардониданд.
Ҳаваскорони  ноҳияи Вахш дар иҷрои рақси якка аз ҷониби ҳакамон сазовори 10 хол  гардиданд. Лапархонии духтараки ҷавони вахшӣ, ки овози форам дошт, ба баҳои умумии ноҳия 9,7 хол зам намуд. Дар маҷмӯъ ҳунармандони  ноҳияи Вахш    97,6 хол ба даст оварданд.
Хотиррасон менамоем, ки намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои консертии 10 шаҳру навоҳии кишвар, ки ба даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016»   роҳ ёфтаанд, аз  16  то 21 августи соли равон  идома ёфта,  23 август   бо намоиши гулчини барномаҳои ҳунарии ҳамаи шаҳру навоҳӣ ҷамъбаст мегардад.
Дар айни ҳол ҳунармандони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе   бо 100,6 хол пешсафанд.

Август 16, 2016 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид