Гузоштани санги асоси меҳмонхонаи муосири “Дарё-2015”

Август 31, 2016 09:06, 754 хонанда
29068060300_742c8f60e0_z

Душанбе, 31.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Баъди ифтитоҳи маҷмааи варзишӣ ва шиносоӣ бо шароити он дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо барои бунёди меҳмонхонаи муосири “Дарё-2015” санги асос гузоштанд.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои меҳмонхонаи муҳташам аз 11 ошёна иборат хоҳад буд ва он дар масоҳати 0,3 гектар бунёд мегардад.

Дар ин муҷтамеъ 304 ҳуҷраи барҳаво, 3 маҷлисгоҳ бо 250 ҷойи нишаст, 6 тарабхона, кошонаи ҳусн, ҳамом сохта шуда, дар боми бино бошад, тарабхона ва қаҳвахона ҷойгир мешавад.

Фармоишгар ва пудратчии иншооти мазкур Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дарё -2015” мебошад ва муҳлати сохтмон 2 сол муайян гардид.

Масоҳати умумии муҷтамеи меҳмонхона, ки аз аквапарк, майдони футбол, баскетбол, волейбол, ҳавзи калони шиноварӣ, боғи кудакона ва таваққуфгоҳ иборат хоҳад буд, 4,2 гектарро ташкил медиҳад.

Баъди ба истифода додани меҳмонхонаи мазкур 150 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Аснои муаррифии лоиҳаи бунёди меҳмонхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохтмончиёнро ба таъмини сифати кор дар вақти бунёди сохтмон ҳидоят карданд.

Август 31, 2016 09:06, 754 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

33048320015_a29cba8f4c_zБоздиди Сарвари давлат аз Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ
Касри миллат-оргҚарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
32120364754_fbee68cb9c_zМулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ
MNK_0988Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
32566672060_59a3d0dca3_zМулоқоти Пешвои миллат бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Юлдирим Туғрул Тюркеш
Навоз Шариф ТочикиБарқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф
32566123050_405225049a_zТаъиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ
32758635522_81d761573b_zМулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Эмомали Рахмон ва Гурбонгули БердимухаммедовБарқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов
Франк-Валтер Штайнмайер-ТочикБарқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Федеративии Германия Франк-Валтер Штайнмайер
32695507391_d5cc6ae033_zМулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Палатаи намояндагони Парламенти Ҷумҳурии Чехия Ян Ҳамачек
ИМА Доналд Трамп Точики---10Барқияи табрикии Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон