Истиқболи ҳоҷиёни Тоҷикистон бо тақдими шириниҳо дар Маккаи мукаррама

Август 25, 2016 08:11

Душанбе, 25.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 24-уми августи соли 2016 ҳайати гурӯҳи кории мавсими «Ҳаҷ-2016» нахустин гурӯҳи зоирони тоҷикро, ки аз тариқи шаҳри Ҷидда ба Маккаи мукаррама сафар менамоянд, истиқбол намуд. Баъди ба шаҳри Маккаи мукаррама расидан ҳоҷиёни тоҷикро дар назди меҳмонхонаҳо намояндагони Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ ва ширкати хизматрасон самимона бо тақдими шириниҳо ва наътхонӣ пешвоз гирифтанд.
Ҳоҷиёни тоҷик дар навбати худ бо хушнудӣ аз ин тадбири масарратбахш миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми танзимкунандани сафари зоирон ба сарзамини муқаддас баён дошта, таъкид доштанд, ки маҳз дар натиҷаи истиқрори сулҳ ва тинҷиву осудагии Ватан ба онҳо муяссар гардидааст, то ба орзуи деринаи худ зиёрати Хонаи Худо бирасанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим хабар дод.

Август 25, 2016 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид