Мирзо Муллоаҳмад: Номи шаҳру ноҳияҳо ва деҳаҳо бояд нотакрор ва ноб бошад

Август 30, 2016 16:11

омгузорӣ мантиқӣ  бошад, ҳеҷ кас ба мо эрод гирифта наметавонад)

Душанбе, 30.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ номҳои шаҳру ноҳияҳо, маҳалҳо ва деҳаҳо, ки  мафҳумҳои русиву ғайритоҷикӣ доштанд, оҳиста — оҳиста аз байн бурда шуданд. Вале ҳангоми  номгузории  бархе аз  шаҳру ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳаҳо ва дигар мавзеъҳои кишвар ҳусусиятҳои ҷуғрофию  таърихӣ, шуғл ва ҳунарҳои мардумони бумии ин маҳалҳо ба инобат  гирифта нашуда, номҳои ба таъриху суннати аҷдодии мо тоҷикон бегона гузошта мешаванд, ки он бар хилофи арзишҳои миллӣ ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» арзёбӣ мегардад. Дар робита ба ин мавзӯъ муовини саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Мирзо Муллоаҳмад дар суҳбат бо  хабарнигори АМИТ «Ховар» андешаҳояшро чунин иброз намуд:

—Номгузории шаҳрҳо, маҳалҳо, кӯчаю хиёбонҳо масъалаи муҳим буда, имрӯзҳо дар  ҷаласаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Бо вуҷуди комёбиҳои зиёд дар ин самт, камбудиҳо низ  ба назар мерасанд. Солҳои охир  бисёр номҳое, ки ба табиати забони тоҷикӣ хос набуданд ва асли хориҷӣ доштанд, амсоли Қайроққум, Қаротегин хуб шуд, ки аз байн бурда шуданд. Ба ҷои онҳо вожаҳои тоҷикӣ  ҷойгузин гардиданд. Дар масъалаи номгузорӣ ба хато  набояд роҳ дод, зеро он ҷанбаҳои гуногун дошта, бояд пеш аз ҳама, ба завқу салиқаи мардум мувофиқ бошад. Номҳо бояд  решаҳои таърихӣ, ҷуғрофию этнографӣ дошта бошанд.  Яъне ба ҳамон маҳал мувофиқ ё аз ягон ҷиҳат ба таърих ва  фарҳанги он минтақа муносибат дошта бошанд. Мутаассифона,  дар бисёр мавридҳо ба ин масъала эътибор дода намешавад. Ҳангоми номгузорӣ номҳои маъмулии «Гулистон», «Бӯстон», «Файзобод», «Навобод» гузошта мешаванд.

Агар ба харитаи Тоҷикистон нигарем, қариб 20 «Навобод»-у «Файзобод» мавҷуданд. Ҳангоми номгузорӣ  нотакрор ва ноб будани он бояд ба назар  гирифта шавад. Ба мавзеъҳои нав, корхонаҳо, кӯча,  кӯҳҳо, хиёбонҳо метавон номҳои шинаму зебо гузошт. Дар ин бобат ҳам олимон ва ҳам Кумитаи забон ва истилоҳоти  назди Ҳукумати ҶТ метавонанд якҷоя фаъолият кунанд.

«Ховар»: Ба андешаи Шумо, барои бартараф намудани ин камбудиҳо  кадом корҳоро бояд анҷом дод?

Мирзо Муллоаҳмад:  Бояд як комиссияи махсус аз ҳисоби олимону кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот, Академияи илмҳо ва намояндагони мақомоти давлатӣ ташкил карда шавад. Ҳар  тасмим ё қароре,  ки дар масъалаи номгузорӣ мешавад, ин комиссия бояд онро баррасӣ ва ҳал намояд. Дар айни замон баъзе номҳои маҳалҳову деҳаҳоро бе маслиҳати мақомоти давлатӣ ё маҳаллӣ мегузоранд, ки   ин боиси мушкилот мешавад.

Дар масъалаи номгузорӣ ба шитобкорӣ роҳ додан даркор нест. Аввал бояд ҳайати комиссия маслиҳату машварат диҳад ва баъд тавсияҳояшро  пешниҳод намояд. Танҳо пас аз қабули ном он ба  Ҳукумати мамлакат пешниҳод мешавад.

«Ховар»: Оё мақомоти маҳаллӣ то ҳол ҳангоми номгузорӣ бо Академияи илмҳои кишвар  ҳамкорӣ мекунанд?

Мирзо Муллоаҳмад:  То ҳол ман ягон ҳамкориро надидам. Онҳо ба Комиссияи номгузории шаҳрӣ ё Кумитаи забон ва истилоҳот номҳои интихобкардаашонро пешниҳод мекунанду халос.  Мушкилии асосӣ маҳз дар ҳамин аст. Бояд  ин масъала ҳамаҷониба баррасӣ шавад ва баъди муҳокимаҳо қарор қабул карда шавад.

 «Ховар»: Солҳои охир  кӯчаю маҳалҳо ба номи академикҳо ва шахсони маъруфи фавтида гузошта мешаванд. Аз нигоҳи Шумо, оё ин амал дуруст аст ва ҳангоми номгузории кӯчаю маҳал ва деҳаву шаҳр ягон тартиби муайян ба назар гирифта мешавад?

Мирзо Муллоаҳмад: Ҳамин меъёр ё  тартиби номгузориро комиссияи салоҳиятдор бояд муайян кунад. Як сабаби камбудӣ ва бесару сомониҳо дар номгузорӣ- ин набудани меъёр аст.  Дар ин самт бояд як меъёру тартиби махсус муайян карда шавад, ки барои номи шаҳрҳо кадом номҳо гузошта шаванд, барои кӯчаю маҳалҳо кадому барои кӯҳу хиёбонҳо кадом. Масалан, дар номгузории хиёбонҳо бояд муайян карда шавад, ки  ба хиёбонҳо номи ашхос гузошта шавад.  Имрӯз ҳатто тоҷироне, ки барои Тоҷикистон ягон хизмат накардаанду имкони молиявӣ доранд, кӯшиш мекунанд, то  ягон кӯчаро ба номашон гузоранд. Бо сохтани ду- се  хонаву таъмири роҳ наметавон як кӯча ё хиёбонро ба номи чунин шахс гузошт. Шояд дар он хиёбон нафаре бошад, ки хизмати бештаре барои Тоҷикистон кардааст.

«Ховар»: Гузоштани  номи  шахси дар қайди ҳаётбуда ба кӯчаву ноҳияву хиёбон ва ғайра оё дуруст аст?

Мирзо Муллоаҳмад:  Дар баъзе мавридҳо  мумкин аст. Масалан, дар ҳоле, ки ин шахс хизмати арзанда карда бошад. Масалан, дар вақти зинда будани  Лоҳутӣ аллакай хиёбони ба номи вай вуҷуд дошту худаш дар он хиёбон зиндагӣ мекард.  Ин ҳам дар ҳамон меъёре, ки дар боло гуфтем, бояд навишта шавад, яъне дар ҳолатҳои истисно номи шахсоне, ки воқеан  ҳам хизмати зиёд кардаанд ё қаҳрамони Тоҷикистонанд, мешавад  ҳангоми дар қайди ҳаёт буданашон ба кӯчаю хиёбону маҳал гузошта  шавад.  Агар чунин нафарон дар вақти зинда буданашон қадрдонӣ шаванд, беҳтар аст. Вале ин бояд характери умумӣ нагирад. Ба номи академикҳо гузоштани маҳалу кӯчаҳо низ хуб аст,  зеро мо он қадар академикҳои зиёд надорем.

«Ховар»: Журналистони Русия дар гузоришҳои худ аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки номҳои русӣ дар Тоҷикистон аз байн бурда мешаванд ва бояд пеши ин корро гирифт. Андешаи Шумо дар ин маврид чӣ гуна аст?

Мирзо Муллоаҳмад: Албатта, дар замони шӯравӣ номгузории шаҳру ноҳия, кӯчаву маҳал ягон меъёр надошт. Ҳар кадом номе, ки ҳизби коммунистӣ мехост, ҳамон гузошта мешуд. Кишвари  мо низ ҳамчун як узви Иттифоқи  шӯравӣ ҳар номе, ки пешниҳод мешуд, онро қабул мекард. Пас аз соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон акнун бештари номҳои барои мо бегона иваз мешаванд. Танҳо дар мавриде, ки номи гузошташуда ба он маҳал ягон муносибат дошта бошад, онро иваз кардан даркор  нест. Масалан, қаҳрамон Александр Мироненко аз Тоҷикистон буд ва дар Афғонистон қурбон шуд.  Як кӯча ба номи вай гузошта шудааст. Мондани  ин кӯча ба  номи ин шахс  ягон айб надорад, зеро ӯ  ҳақиқатан зодаи Тоҷикистон буд ва бо Тоҷикистон  пайвандӣ дошт. Вале ба номи Павлик Морозов, ки ба Тоҷикистон ягон муносибат надорад, номгузорӣ кардани кӯча дуруст нест. Агар  шахс ба Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳои он ягон муносибат надошта бошад, номи он кӯчаро бояд иваз кард.

Дар мавриди гузоришҳои рӯзноманигорони рус танҳо метавонам гӯям, ки чаро дар Русия ягон кӯча ё хиёбон  бо номҳои тоҷикӣ, аз қабили Рӯдакӣ ва Сино, ки шахсиятҳои таърихиянду  онҳоро  дар тамоми ҷаҳон мешиносанд,  номгузорӣ нашудааст. Мо ягон даъво намекунем ку?

Бар илова метавон суханони профессори Донишгоҳи Аврупои шаҳри Санкт-Петербург Сергей Абашинро мисол овард, ки дар саҳифаи ӯ дар Фейсбук оварда шудаанд. Ӯ навиштааст:

«Чаро мо аз Тоҷикистон меранҷем, вақте ки шаҳрҳои худамон табдили ном карданд- Сталинград Волгоград шуд, Ленинград Санкт-Петербург?!».

Аз ҳамин сабаб ҳангоми номгузорӣ бояд меъёрҳои муайян ҷорӣ карда шаванд. Дар он маврид номгузорӣ мантиқӣ  мешавад ва ҳеҷ кас ба мо эрод гирифта наметавонад.

Лайло Қосимова

Август 30, 2016 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад