Модари гурзандози тоҷик: «Дилшод танҳо инро гуфт: Мо тавонистем!»

Август 20, 2016 11:46

Душанбе, 20.08.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Cубҳи имрӯз роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба табрики модари Дилшод Назаров, ғолиби Бозиҳои тобистонаи олимпӣ — 2016 рафтанд.
Зимни суҳбат Зайтуна Назарова, модари гурзандози тоҷик барои дастгирӣ дар рушди тарбияи ҷисмонию варзиш ва варзишгарон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки маҳз бо дастгирии Пешвои миллат фарзандаш Дилшод Назаров ғолиби Бозиҳои олимпӣ гардид.
Ҳамзамон модари Дилшод Назаров изҳор дошт, ки субҳи имрӯз зимни суҳбати телефонӣ Дилшод танҳо бо як ибора эҳсосоти худро баён намуд: «Мо тавонистем!»
Воқеан ҳам фарзандони миллати тоҷик неруву қудрати бузург дошта, муаррифгару парчамбардори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.
Дилшод Назаров, гурзандози  маъруфи тоҷик дар даври финалӣ соҳиби медали тиллои мусобиқаи гурзандозии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ, ки шоми 19 август бо вақти маҳаллии кишвари Бразилия доир шуд, гурзандози тоҷик Дилшод Назаров бо нишондоди 78,68 метр медали тилло, Иван Тихон аз Ҷумҳурии Беларус бо нишондоди 77.79 метр медали нуқра ва Войтсех Новитский аз Ҷумҳурии Лаҳистон бо нишондоди 77.73 метр медали биринҷиро ба даст оварданд.

Август 20, 2016 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид