Мулоқоти Пешвои миллат бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Гян Ачария

Август 8, 2016 11:42

Душанбе, 08.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли СММ, Намояндаи олӣ оид ба масъалаҳои кишварҳои камтараққӣ, кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди тараққикунанда Гян Ачарияро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар бахшҳои муҳими ҳаёти ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Созмони Милали Муттаҳидро барои мусоидат ва ҳамдигарфаҳмию густариши ҳамкорӣ миёни кишварҳои ҷаҳон дар таъмини сулҳу субот ва рушди устувор арзишманд арзёбӣ карда аз сатҳи ҳамкории кишвари мо бо созмонҳои махсусгардонидашуда, дафтарҳо ва муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид изҳори қаноатмандӣ намуд.

Таъкид гардид, ки давоми солҳои 2010-2015 дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои муфиди Тоҷикистон бо ниҳодҳои сершумори Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаҳои ислоҳоти идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, бартарафсозии пайомадҳои офатҳои табиӣ тақрибан 100 лоиҳа амалӣ гардидааст.

Дар мулоқот ҳамчуни масоили вобаста ба Симпозиуми сатҳи баланд дар мавзӯи «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт» ва аҳамияту муҳимияти баргузории ин чорабинии байналмилалӣ дар ҳаёти имрӯзаи мардумони сайёра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бо изҳори таассуф қайд карда шуд, ки буҳронҳои молиявӣ ва иқтисодӣ дар тӯли солҳои охир ба саъю талошҳои кишварҳо дар таъмини маблағгузории соҳаи об халал ворид намуда садди роҳи пешрафту тараққиёт гардидааст. Дар иртибот ба ин, таъсис додани бунёдҳои гуногуни миллӣ ва минтақавию ҷаҳонӣ, инчунин роҳандозии дигар ташаббусҳои наву созанда доир ба маблағгузории соҳаи об ба хотири мусоидату мадад дар ҳалли ин масъалаҳо иқдоми муҳиму саривақтӣ арзёбӣ шуд.

Август 8, 2016 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон