Нахустин Бозиҳои миллии варзишгарони маъюб бахшида ба 25- солагии Истиқлолият доир гардид

Август 25, 2016 11:09

Душанбе, 25.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 24 августи соли равон дар майдончаи «Боғи Пойтахт» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Бозиҳои миллии варзишгарони маъюб бо аробачаи маъюбӣ баргузор шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии параолимпӣ, ташкилоти байналмилалии «Operation Mercy», Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон зикр намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дастгирии маъюбон тамоми тадбирҳоро андешида, онҳо таҳти ғамхории доимии давлат ва ҳукумат қарор доранд.
Дар Бозиҳои миллии варзишгарони маъюб ду тим аз вилояти Суғд ва ду тим аз шаҳри Душанбе иштирок намуда, аз намуди баскетбол, волейбол дар аробачаҳои маъюбӣ тамоми ҳунару маҳорати хешро намоиш доданд. Гулдухтарон дар аробачаҳои маъюбӣ бо либосҳои миллӣ чунон бо маҳорати баланд рақс намуданд, ки тамошобинонро ба ваҷд оварданд.
Дар оянда Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон бо Федератсияи баскетболи Тоҷикистон ҳамкориро зич намуда, ба бозиҳои миллии варзишгарони маъюб аз тамоми шаҳру ноҳиҳои ҷумҳурӣ нафарони имконияташон маҳдуд ҷалб карда мешаванд.
Дар назар аст, ки дар оянда тими мунтахаби Тоҷикистон таъсис дода мешавад ва онҳо дар бозиҳои параолимпии байналмилалӣ ширкат намуда, шаъну шарафи ватани азизамонро боло мебардоранд.

Август 25, 2016 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид