Нигаронии Пешвои миллат аз фавти зиёди шаҳрвандон дар садамаҳои нақлиётӣ

Август 25, 2016 10:13

Душанбе, 25.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Мо рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, инчунин амнияти ҳамаҷонибаи давлат ва халқи худро дар сурате таъмин карда метавонем, ки волоияти қонун, яъне эҳтиром ва риояи қонунҳоро таъмин намуда, манфиатҳои давлатро аз ҳама боло гузорем, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии пешбиникардаамон ва раванди корҳои созандагиву бунёдкории Ватанамон беш аз пеш саҳмгузор бошем». Ин нуктаро субҳи имрӯз зимни мулоқот бо роҳбарон ва сокинони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт.
Бино ба гуфтаи Сарвари кишвар, тибқи таҳлилҳо дар вилоят ҳолатҳои ба ҷиноят даст задани баъзе сокинон дар давраи солҳои 2006 — 2015 ва шаш моҳи соли равон тамоюли афзоиш дошта, дар ин муддат қариб 40 ҳазор ҷиноят, аз ҷумла 7 ҳазору 721 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин давра, хусусан ҷиноятҳои одамкушӣ, дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон бештар ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи чорабиниҳои анҷомдодаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 9 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин муайян ва дастгир карда шуданд.
«Аз соли 2014 то инҷониб шахсияти 516 нафар шаҳрвандони дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ иштирокдошта муайян карда шуда, 164 нафари онҳо дастгир ва 24 нафар ба Ватан баргардонида шуданд. Вобаста ба гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор қариб 2000 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, 1670 нафар ҷинояткорон дастгир гардиданд ва 29 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст»,-иброз намуд Пешвои миллат.
-Дар қаламрави вилоят садамаҳои нақлиётӣ низ зуд-зуд ба амал омада, бар асари он сокинони зиёд ба ҳалокат мерасанд.
Дар зарфи даҳ соли охир шумораи шаҳрвандони дар садамаҳои нақлиётӣ баҳалокатрасида 1629 нафарро ташкил медиҳад, ки чунин вазъ нигаронкунанда буда, аз масъулон фаъолияти боз ҳам бештар ва қотеъонаро тақозо менамояд,-таъкид кард Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Август 25, 2016 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд