Қоҳира: Симпозиуми Душанбе дар сатҳи баланди мундариҷавӣ ва ташкилӣ баргузор гардид

Август 26, 2016 11:44

Душанбе, 26.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ 23 август ҳайати мисриро, ки дар Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳадафи шашуми рушди устувор (Душанбе, 9-11 августи 2016) иштирок карда буд, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ ҶТ хабар доданд.
Хонум Зубайда Маҳмуд, мудири Бахши минтақавии бозомӯзии Вазорати захираҳои обӣ ва обёрии Миср, мудири Маркази иқлимии бозомӯзӣ ва пажӯҳиш ва доктор Муҳаммад Ваҳба, муовини мудири Бахши минтақавии бозомӯзии Вазорати мазкур аз иштироки худ дар ҳамоиши байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки Симпозиуми Душанбе дар сатҳи баланди мундариҷавӣ ва ташкилӣ баргузор гардид.
Меҳмонони Сафорат таъкид карданд, ки ҷониби мисрӣ ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Симпозиуми байналмилалии Душанбе тадбирҳои зарурӣ хоҳад андешид. Инчунин зикр шуд, ки ҷониби мисрӣ аз барқарор гардидани ҳамкории мутақобилан судманд байни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар ва омӯзишу мубодилаи таҷрибаи ҳамдигар дар соҳаи истифодаи захираҳои обӣ ва обёрӣ истиқбол хоҳад кард.

Август 26, 2016 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд