Парлумон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро қабул кард

Август 24, 2016 12:00

Душанбе, 24.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  24 август вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро баррасӣ ва қабул карданд.
«Қонуни авф  нисбат ба зиёда аз 12 ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад. Аз ҷумла, беш аз се ҳазор нафар аз адои ҷазо аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуда, зиёда аз чор ҳазор нафар аз ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда озод мегарданд»,-гуфт зимни баррасии лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон. Ҳамзамон зикр шуд, ки инчунин нисбат ба доираи васеи маҳкумшудагон муҳлати адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ кам карда мешавад. Қонуни мазкур инчунин нисбат ба зиёда аз ду ҳазор шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судҳо қарор доранд, татбиқ карда мешавад.
Тибқи моддаи 1 лоиҳаи қонун аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъйиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкумшудагони зерин: занон, ноболиғон, мардони аз синни 55 боло, маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III,  шахсони мубталои бемориҳои омоси бадсифат, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сил,  бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV мансуб донисташуда, инчунин иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд, шахсоне, ки мукофотҳои давлатӣ доранд ва шаҳрвандони хориҷӣ озод карда мешаванд.
Ҳамзамон шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазо аз адои ҷазо озод мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳангоми таҳияи лоиҳа ба шахсоне, ки бори аввал ҷиноят содир намудаанд, диққати махсус дода шудааст. Аз ҷумла, онҳое, ки барои бори аввал содир намудани ҷиноятҳои дараҷаи начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба муҳлати то панҷ сол маҳкум шудаанд, аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд. Онҳое, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шуда, аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро адо кардаанд ё барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шуда, аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, аз адои ҷазо озод карда мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки   қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз ҷониби Парлумони кишвар дар асоси пешниҳоди Пешвои миллат шаҳодати иқдомҳои инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи  ҷашни бузурги миллӣ- 25-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба маҳкумшудагон мебошад.

Август 24, 2016 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид
ФАЗОИ ДИНӢ ВА ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ МУОСИР. Ҳамовозӣ ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ– ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Ҳамовозӣ ба Соли маърифати экологӣ эълон шудани соли 2024 дар шаҳри Душанбе