Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Забони русӣ барои ҷомеаи мо аҳамияти бузург дорад»

Август 30, 2016 09:42

Душанбе, 30.08.2016./АМИТ «Ховар»/. «Забони русӣ барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад. Дар Конститутсияи кишвар ба он мақоми забони муоширати байни миллатҳо  дода шудааст. Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи қонунгузорӣ  Барномаи давлатии такмили таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русиро тасдиқ кардааст. Дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст ва онро дар тамоми макотиби таҳсилоти умумии кишвар, шурӯъ аз синфи дуюм меомӯзанд. Дар бисту ҳафт макотиб, аз ҷумла мактаби назди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва инчунин дар беш аз як саду сӣ синфҳои назди муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар таҳсил пурра ба забони русӣ ба роҳ монда шудааст»,- зикр намуд имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи  бинои нави Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  дар тақвияти ин гуфтаҳояш ҳамчунин иброз дошт, ки: «Дар даҳ донишгоҳи Тоҷикистон факултаҳои филологияи рус ҳастанд, дар аксари муассисаҳои томактабӣ раванди таълим ба забони русӣ ҷараён дорад.
Соли гузашта Ҳукумати мамлакат Барномаи нави шашсоларо барои омӯзиш ва таълими забони русӣ қабул кард».

Август 30, 2016 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт