Пешвои миллат: «Русия шарики муҳими иқтисодии мост»

Август 30, 2016 09:41

Душанбе, 30.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳамгироии Тоҷикистону Русия бисёрҷониба аст ва амалан тамоми соҳаҳои калидии ҳамкориро-аз сиёсату иқтисодиёт, тиҷорату сармоягузорӣ, маориф, илм ва фарҳанг то мудофиа ва амният фаро мегирад. Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон таъкид намуд.
Барои чунин ҳамкорӣ заминаи қарордодию ҳуқуқии устувор таҳия шудааст ва механизмҳои самаранок ташаккул ёфтаанд.
Ҷонибҳо дар тамоми созмонҳои байналмилаливу минтақавие, ки аъзояшон ҳастанд, ҳамкории зич доранд.
«Миёни давлатҳои мо, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, муколамаи мунтазами сиёсие, ки маҷмӯи масъалаҳои муносиботи Тоҷикистону Русияро дар мадди таваҷҷуҳи доимӣ қарор медиҳад, ба роҳ монда шудааст ва ҷараён дорад»,-илова намуд Пешвои миллат.
Ҳамкории наздики ду кишвар дар соҳаи мудофиа ва амният дар маҷмӯъ омили муҳими нигоҳдории суботи минтақа мебошад.
«Русия шарики муҳими иқтисодии мост ва дар низоми робитаҳои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон яке аз мавқеъҳои пешсафро ишғол мекунад.
Дар давраи сипаригашта кишварҳои мо дар ин соҳа таҷрибаи ғании ҳамкорӣ ҳосил кардаанд»,-зикр намуд Сарвари кишвар.

Август 30, 2016 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид