Рўзи кормандони соҳаи ангишт муборак!

Август 27, 2016 12:51

Душанбе, 27.08.2016. /АМИТ “Ховар”/. Пагоҳ, 28 август Рӯзи ангиштканон аст. Ҳамасола якшанбеи охири моҳи август Иди касбии “Рўзи кормандони соҳаи ангишт” ҷашн гирифта мешавад.

Тайи солҳои охир соҳаи саноати ангишт барои баромадани кишвар аз буҳрони энергетикӣ, дар самти бо ангишт таъмин намудани аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо ва беш аз 200 корхонаҳои саноатии аз истифодаи гази табиӣ ба ангишт гузаронидашуда кори зиёдеро ба анҷом расонданд. Дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои соҳа дар як муҳлати нисбатан кўтоҳ истихроҷи ангиштро аз 17 ҳазор ба беш аз 1 млн. тонна расонда, ба рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ва аз ҳама муҳим ба кам кардани вобастагии Тоҷикистон аз маводи сўхт (гази табиӣ)-и воридотӣ мусоидат намуданд. Айни замон соҳаи ангишт бо дигар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ алоқамандии зич дошта, дар рушди иқтисодиёти миллӣ нақши муҳим дорад.

Соли равон низ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  кормандони соҳа тамоили афзун намудани истеҳсолро идома бахшида, мақсад доранд талаботи тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишварро бо ангишт таъмин намоянд. Аз аввали сол то имрўз корхонаҳои соҳа истихроҷи ангиштро  ба зиёда аз 770 ҳазор тонна расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 254 ҳазор тонна зиёд  аст.

Ҳамаи ин комёбиҳо ба шарофати сиёсати хирадмандонаи  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии ҳамарўзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва меҳнати фидокоронаву шабонарўзии кормандони соҳа ба даст омадааст.

Аз фурсат истифода бурда, роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи кормандони соҳаи ангиштро бо Иди касбӣ табрику муборакбод гуфта ба онҳо саломатӣ, барори кор, хушии рўзгор, саодату иқболи нек ва дар амалӣ гардидани мақсаду мароме, ки баҳри ободӣ, рушду нумўи кишвари азизамон доранд, комёбиҳои беназирро орзу менамояд.

АМИТ “Ховар” тамоми кормандони соҳаи саноати ангиштро бо иди касбиашон табрик менамояд.

Август 27, 2016 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт