Шаҳри Панҷакент ғолиби фестивал-озмуни «Андалеб-2016» гардид

Август 24, 2016 15:15

Душанбе, 24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 23 август  дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016»  баргузор гардид.
Вазири фарҳанги кишвар Шамсиддин Орумбекзода дар ҷамъбасти озмун иброз дошт, ки: «Мероси ғановатманди таърихию фарҳангии халқи тоҷик яке  аз захираҳои тамомнашавандаи рушди фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Эъҷози санъат ва ҳунар воқеан муъҷизаеро мемонад, ки он ба мустаҳкам намудани асосҳои маънавии ҷомеа, ташаккули афкори созанда, бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ ва хештаншиносӣ равона гардидааст».
Сипас дар маросими ҷамъбасти озмун ба 26 намоиши беҳтарини иштирокчиёни даври ниҳоӣ, ки сазовори баҳои баланд, яъне 10 хол гардида буданд, туҳфа ва диплом тақдим карда шуд.
Бояд гуфт, ки шоҳҷоиза насиби ҳунармандони шаҳри Панҷакент гардид, ки бо гирифтани 102,5 хол ғолибиятро ба даст оварданд.
Ҷои якум насиби се ноҳия: ноҳияи Синои ш. Душанбе, ноҳияи Файзобод ва ноҳияи Тоҷикобод гардид. Ҷои дуюмро ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Вахш ишғол намуданд. Ҷои сеюм насиби ноҳияи Рӯшон, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Роғун гардид.
Дар охир гулчини барномаҳо манзури тамошобинон гардонида шуд.

Август 24, 2016 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд