Шарифовҳо-оилаи беҳтарини Хуҷанд

Август 9, 2016 16:31

Душанбе, 9.08.2016./АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии вилояти Суғд, дар муҷтамаи таърихию фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандӣ тайи чанд рӯз Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят доир шуданд.  7-уми август Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, шомгоҳон садои мутантани карнай бошандагон ва меҳмонони шаҳрро барои таҷлили чорабинии «Рӯзи фарҳанги Хуҷанд дар Боғи Камол» даъват кард. Дар ин чорабинӣ  ашхоси барӯманди  шаҳр-уламову удабо ва фузалову шуаро ширкат карданд. Чорабинӣ бо тановули оши палави хуҷандӣ дар чойхонаи ба номи Хоҷа Камол оғоз ёфт.

Роҳбарияти шаҳр  ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз дастовардҳои меҳнаткашони шаҳр, ки дар даромадгоҳи асосии Боғ ба намоиш гузошта шуда буданд, дидан карданд. Дар ин раста кулли соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, аз ҷумла саноатчиёну маорифчиён, аҳли фарҳангу ҳунар, гулкорону гилкорон, табибону маорифчиён дастранҷҳои худро ба маърази тамошо гузоштанд. Дар ҳавлии Хоҷа Камол барномаи адабӣ-мусиқии «келинбиёрон» ба намоиш гузошта шуд, ки дар он сурудҳои қадимаи тӯёнаи «ёр-ёр» ва «нақш» ба таври зинда иҷро гардиданд.

Баъди аёдати марқади шоир Камоли Хуҷандӣ ҳозирин  ба идҷои асосӣ омаданд, ки он ҷо тақрибан 3 ҳазор тамошобин ҷамъ омада буданд. Ҳамаи онҳоро раиси шаҳр Шариф Шарифзода хайрамақдам гуфта, аз сиёсати хирдмандонаву инсондӯстона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба пешбурди кулли соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва дар ин замина баланд бардоштани обрӯву эътибори Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шуд.

Дар вазъияти тантанавӣ озмунҳои шаҳрии “Хонаи беҳтарин”, “Оилаи беҳтарин” ва “Маҳаллаи беҳтарин”, ки дар доираи Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ  гузаронида мешаванд, ҷамъбаст гардид. Хотиррасон менамоем, ки Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои муайян намудани вилоят, шаҳр, ноҳия, маҳала, кӯчаи беҳтарин, оила ва ҳавлии намунавӣ ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал таърихи кишварамон доир карда мешавад.

Раиси шаҳр Шариф Шарифзода ва муовини Раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода   ба ғолибони озмуни «Оилаи беҳтарин» оилаи Шарифовҳо, Бузуруковҳо ва Файзуллоевҳо,   ҳамзамон ғолибони озмуни «Хонаи намунавӣ» — манзили истиқоматии оилаҳои Ҳомидовҳо, Саломовҳо ва Турсуновҳо, инчунин ғолибони шарти «Маҳаллаи беҳтарин» — Кумитаи маҳаллаи «Сирдарё» (ҷойи аввал), Кумитаи маҳаллаи «Масҷиди савр» (мақоми дуюм) ва Кумитаи маҳаллаи «Чорчароғ» (ҷойи сеюм) диплом ва мукофотҳои пулӣ тақдим намуданд.

 

 

Август 9, 2016 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид