Шиносоии Сарвари давлат аз ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии ёрирасони тухмипарварии ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Бохтар

Август 25, 2016 10:03

Душанбе, 25.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Бохтар Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии ёрирасони тухмипарварии ба номи Файзалӣ Саидов шинос шуд.

Ин хоҷагии тухмипарварӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми декабри соли 2008, ҳамчун хоҷагии зертобеъи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ресандаи Қурғонтеппа» таъсис дода шуда, алҳол дар тавозуни он 4 ҳазору 394,3 гектар замини корами обӣ мавҷуд мебошад.

Кишоварзон ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки онҳо соли равон дар заминҳои хоҷагӣ дар майдони 915,1 гектар ғалладона, 3 ҳазору 50 гектар пахта, 57,4 гектар картошка, 210,4 гектар сабзавот ва 112,9 гектар зироати хӯроки чорво кишт намуданд.

Айни ҳол дар хоҷагӣ зироати гандум, ҷав, ҷуворимакка, картошка, сабзавот ва полезӣ пурра ва беталаф ҷамъоварӣ шудааст.

Чуноне ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, имсол аз ҳар гектар кишти зироат дар ин хоҷагӣ, 50 сентнерӣ гандуму ҷав, 44 сентнерӣ ҷуворимакка, 262 сентнерӣ картошка ва 268 сентнерӣ сабзавот ҷамъоварӣ шудааст, ки ин нишондод нисбати дурнамо аз 1 то 16 фоизӣ бештар будааст.

Дар ҳудуди Хоҷагии ёрирасони тухмипарварии ба номи Файзалӣ Саидов ҳамзамон ду гектар боғ ҳам бунёд шудааст. Бо ба роҳ мондани агротехникаи дуруст ва нигоҳубини хуб, боғи навбунёд аллакай дар соли сеюмаш нашъунамои хуб намуда, хоҷагидорон дар соли оянда аз он ҳосили дилхоҳ интизоранд.

Зироати асосии дар хоҷагии деҳқонии Файзалӣ Саидов киштшаванда пахта буда, кишти он 69,4 дарсади замини корами хоҷагиро ташкил медиҳад.

Имсол ҳам таваҷҷуҳи асосӣ ба кишти ҳамин зироат равона гардида, мувофиқи дурнамо бояд 6731 тонна пахта истеҳсол карда шавад, ки он аз ҳар як гектар 21,3 сентнериро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо фаъолияти заҳматкашон бо чидани аввалин кӯрак аз ниҳолони пурбори хоҷагӣ, ба маъракаи чиниши пахта оғоз бахшид ва барои пурраю беталаф ҷамъоварӣ кардани он, дуои хайр дод.

Сарвари давлат дар ҳамин ҷо ҳамзамон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии заҳматкашони хоҷагӣ дидан кард.

Август 25, 2016 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад