Восеъ: Ҳаҷми истеҳсоли намаки «Хоҷа-Муъмин» меафзояд

Август 27, 2016 09:46

Восеъ, 27.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи истеҳсоли намаки Ҷамъияти саҳомии «Хоҷа-Муъмин»-и ноҳияи Восеъ баъди таҷдиди корхона ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидан фаъолияти хешро беҳтар намуда, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш додааст.

Тавре  Фатҳулло Қувватов, мутахассиси корхонаи «Хоҷа-Муъмин» иброз дошт, дар корхона 30 нафар коргар ба таври доимӣ ва беш аз 70 нафар ба тариқи мавсимӣ фаъолият мекунанд. Корхонаи мазкур дар намоишгоҳи Форуми соҳибкорони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, маҳсулоташро пешниҳод карда, сазовори баҳои баланд гардид.

Дар ҷамъбасти форум ба роҳбари корхона сертификати сифат супорида шуд, ки ин ба меъёрҳои байналминалӣ  ҷавобгӯ будани сифати маҳсулоти корхонаро нишон медиҳад.

Соль Ходжа Муъмина

Август 27, 2016 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид