Ҳалокати 5 нафар дар садамаи нохуши нақлиётӣ дар ноҳияи Ҳисор

Сентябрь 23, 2016 10:42

Душанбе, 23.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр тахминан соати 01:30 ронандаи мошини тамғаи «Митсубиси», марди 23-солаи сокини ноҳияи Ҳисор, дар ҳолати мастӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Навбаҳори ноҳияи мазкур бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи марди 41-солаи сокини ноҳияи Бохтар бархӯрдааст.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар натиҷаи ин садамаи марговар 5 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», мусофирони мошини мазкур занҳои 41 ва 47-солаи сокинони шаҳри Сарбанд, зани 53-сола ва марди 53-солаи сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Дар ин бархӯрд мусофири мошини «Опел-Астра», писарбачаи 12-сола, ронандаи мошини тамғаи «Митсубиси» ва мусофири ҳамин мошин- марди 25-солаи сокини ноҳияи Ҳисор ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

Сентябрь 23, 2016 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад