Барномаи Nile TV дар бораи ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон

Сентябрь 29, 2016 11:08

Душанбе, 29.09.2016. /АМИТ«Ховар»/. Шабакаи моҳворавии телевизиони Миср Nile TV 23 сентябри соли равон барномаи махсусро дар бораи маросими таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира, ки онро Сафорати кишвари мо қаблан баргузор намуда буд, ба намоиш гузошт. Сабти навори мазкурро метавон дар Youtube(https://youtu.be/TWhrgRbXEfY) тамошо кард.
Барнома дар бораи ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Қоҳира, дастовардҳои кишвари мо дар арсаҳои гуногун ва таъриху фарҳанги мардуми тоҷик ҳикоят мекунад. Яке аз ширкаткунандагони мисрии барнома — устоди Донишгоҳи Асют доктор Саъд Абдулғаффор ҳангоми мусоҳиба бо барандаи барнома, бо истинод ба китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» таъкид намуд, ки тоҷикон таърихи куҳан дошта, дар ғанисозии тамаддуни инсонӣ ва исломӣ саҳми бузург гузоштаанд ва ба ҷаҳон донишмандону шоирони барҷастаро эҳдо кардаанд. Ӯ афзуд, ки китоби арзишманди «Тоҷикон дар оинаи таърих» қаблан ба забони арабӣ тарҷума ва дар Қоҳира дар чаҳор ҷилд ба нашр расидааст.

Сентябрь 29, 2016 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид