Баррасии ҳамкории байниминтақавӣ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Сентябрь 16, 2016 15:27

Душанбе, 16.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябри соли 2016 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Аслов дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек иштирок кард.
Дар ҷаласа ҷонибҳо доир ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуда, роҷеъ ба мутобиқкунии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба воқеияти муосир, таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, экстремизм, қочоқи маводи нашъаовар, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, ҳамкории байниминтақавӣ, инчунин оид ба густариши робитаҳои фарҳангӣ дар доираи Барномаи байнидавлатии пойтахтҳои фарҳангии ИДМ ва Барномаи чорабиниҳои афзалиятноки гуманитарӣ қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Сентябрь 16, 2016 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва инноватсияро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳднома оид ба ҳампаймонӣ муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад»
Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил доранд, даъват шуданд, ки илм омӯзанд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Намояндаи Тоҷикистон дар машваратҳои ғайрирасмӣ дар сатҳи сафирон оид ба Саммити Оянда иштирок намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҳамоиш бахшида ба раёсати Қазоқистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ҷавонон дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд
Дар Ашқобод ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда баррасӣ шуд
Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо баррасӣ гардид