Дар ноҳияи Рашт 83 муассисаи тандурустӣ фаъолият дорад

Сентябрь 23, 2016 10:41

Душанбе, 23.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Рашт бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва бо таҷҳизоти нави муосир таъмин гардидани муассисаҳои тиббӣ сол то сол рў ба беҳбудӣ овард.
Дар айни ҳол дар ноҳия 83 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта, дар ин муассисаҳо 611 нафар кормандон, аз ҷумла 131 нафар духтурон, ки ин нишондод 10,96 нафар ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ рост меояд ва 398 нафар ҳамшираҳои тиббӣ, ки 33,3 нафар ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ рост меояд, фаъолият доранд.
Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Беморхонаи марказии ноҳия таҷҳизоти литотрипсия ба маблағи 284 ҳазор сомонӣ ва таҷҳизоти гемодиализ бо маблағи 221 ҳазор сомонӣ дастрас карда шуд. Инчунин толорҳои ҷарроҳии шуъбаи таваллуд ва шикастабандии беморхонаи марказии ноҳия бо 2 адад мизи ҷарроҳӣ таъмин карда шуданд.
Дар ин давра биноҳои бунгоҳи саломатии деҳаи Чашмаи Қозӣ дар Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум, нуқтаи тиббии маҳаллаи Ғарми болои Ҷамоати деҳоти Навдӣ, нуқтаи тиббии шаҳраки Сомониёни Ҷамоати шаҳраки Ғарм ва маркази саломатии деҳаи Қуллои Ҷамоати деҳоти Навдӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Сохтмони биноҳои бунгоҳи тиббии деҳаи Хоҷаалии Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода, деҳаи Себистони Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх ва нуқтаи тиббии деҳаи Ғаввосиёни Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум идома дорад.

Сентябрь 23, 2016 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд