Дар Ню-Йорк мулоқоти сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаи кӯчиши оммавии паноҳандагон ва муҳоҷирон баргузор гардид

Сентябрь 20, 2016 12:07

Душанбе, 20.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 71-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 19 сентябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар мулоқоти сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаи кӯчиши оммавии паноҳандагон ва муҳоҷирон иштирок намуда, дар яке аз суҳбатҳои чорабинии мазкур сухан гуфт.
Тавре аз ВКХ Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вазири корҳои хориҷӣ ҳангоми ибрози мушкилиҳо ва чолишҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ба зарурати андешидани тадбирҳои муштарак дар ҳама сатҳҳо ҷиҳати беҳтар намудани раванди муҳоҷират, хоссатан мутобиқгардонӣ ва ҳамгироии муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои мизбон, инчунин тадбирҳо оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ таъкид кард.

Сентябрь 20, 2016 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил доранд, даъват шуданд, ки илм омӯзанд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Намояндаи Тоҷикистон дар машваратҳои ғайрирасмӣ дар сатҳи сафирон оид ба Саммити Оянда иштирок намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҳамоиш бахшида ба раёсати Қазоқистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ҷавонон дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд
Дар Ашқобод ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда баррасӣ шуд
Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо баррасӣ гардид
Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат табодули афкор намуд
Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Тоҷикистон барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии Туркия низоми раводид ҷорӣ намуд
Дар Тошканд вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд